Рӯзи 1-уми июни соли ҷорӣ даври дувуми интихоботи президентӣ дар Лаҳистон байни ду номазад баргузор гашт.
Дар ин давра ду номазад – Рафал Тшасковский аз ҳизби Эътилофи шаҳрвандӣ ва Карол Навротский аз Ҳуқуқ ва адолат (PiS) – ду ҳизби калонтариини Лаҳистон бо ҳам рақобат доштанд.
Карол Навротский — номзаде, ки аз ҷониби ҳизби Ҳуқуқ ва адолат (PiS) дастгирӣ ёфт ва бо
касби 50,89% овозҳо (10 606 877 овоз) пируз гашт. Рақиби ӯ Рафал Тшасковский аз Эътилофи шаҳрвандӣ 49,11% овозҳоро (10 237 286 овоз) ба даст овард. Дар маҷмуъ беш аз 72% аз шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй дар интихобот ширкат доштаанд.
Дирӯз соати 21:00, пас аз баста шудани ҳавзаҳои интихоботӣ дар саросари Лаҳистон зимни ироаи натиҷаҳои аввалия Рафал Тшасковский бо ба даст овардани 50,3% овозҳо пирӯзи интихобот эълон гашт, вале бо гузашти 2 соат ва нашри оморҳои аввалия аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Лаҳистон Карол Навротский пешсаф шуд ва дар ниҳоят барандаи ниҳоии интихобот эълон
гашт. Ин дар ҳоле буд, ки – ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ – ҷонибдорони Тшасковский пирӯзии ӯро ҷашн гирифта, хоб рафтанд, субҳ, ки бедор шуданд, Навротский президент эълон шудааст. Ин боис шуд, ки дар расонаҳои Лаҳистон аз Рафал ба унвони кӯтоҳтарин президент ё президенти 120-дақиқаӣ ёд кунанд.
Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки дар интихоботи президентӣ шаҳрвандони Лаҳистон, аз ҷумла ҷавонони аз 18 то 39-сола, мардон, касоне, ки таҳсилоти миёна доранд, деҳанишинону кишоварзон бештар ба Навротский овоз доданд. Дар муқобил аксари занҳо, афроди 40 то 60-сола, шаҳрнишинҳо ва касоне, ки таҳсилоти олӣ доранд, райи худро ба Рафал Тшасковский додаанд.
Дар ниҳоят бо фарқи камтар аз 1,78%, яъне каме бештар аз 350 ҳазор раъй, Навротский интихоботро бурд.
Бо пирӯзии номзади ҳизби Қонун ва адолат, ин ҳизб курсии президентиро барои даври сеюм ҳифз кард. Номзади ин ҳизб дар интихоботи президентии солҳои 2015 ва 2020 низ пирӯз гашта буд ва акнун то интихоботи соли 2030 низ курсии президентиро дар ихтиёр хоҳад дошт.
Ҳарчанд дар ин кишвар раисҷумҳур чандон ихтиёрот надорад ва низоми сиёсии Лаҳистон низоми парлумонӣ аст ва қудрати иҷроӣ дар дасти нахуствазир мебошад, вале раисҷумҳур низ аз баъзе ихтиёрот бархурдор аст. Аз ҷумла, дар таъйид ё вето кардани қонунҳо, таъйид ва ё радди номзадҳои сафирон ва инчунин намояндагии Лаҳистон дар хориҷ ва фалаҷ кардани ё эҷоди мушкилот барои ҳизби ҳоким, агар аз ҳизби рақиби президент бошад.
Сиёсати муҳоҷиратии президенти мунтахаби Лаҳистон чӣ аст ва чӣ таъсире хоҳад дошт?
Ба назари коршиносон, интихоби Наротский эҳтимолан боиси тағйирот дар сиёсати муҳоҷирати ин кишвар мегардад ва шароити паноҳҷӯён ва муҳоҷирон корӣ душвортар хоҳад шуд. Аз ҷумла, кам кардани кумакҳои иҷтимоӣ, назорати бештар ва шадидтари марзҳо, мухолифат бо интиқоли паноҳҷӯён аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Лаҳистон, маҳдуд кардани кумакҳо ба муҳоҷирони Украина, мухолифат бо паноҳандагони ғайриқонунӣ аз кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо, ки ӯ ин қишр аз паноҳҷуёнро таҳдид ба амнияти миллӣ медонад.
Аммо дар сиёсати хориҷӣ бошад, густариши ҳамкориҳо бо Амрико ва ҳифзи истиқлолияти Лаҳистон дар баробари хостаҳои Иттиҳоди Аврупо, зиддият бо пайвастани Украина ба НАТО, зидди фиристодани нерӯҳои низомии Лаҳистон ба Украина, рушди будҷаи низомӣ ва истиқлолияти бештар аз Аврупо аз сиёсатҳои эълоншудаи президенти тозаинтихоби Лаҳистон мебошад.