16.9 C
Dushanbe

Кабирӣ: Раҳмон ба Амрико ва Аврупо даъвати расмӣ нашудааст

Муҳиддин Кабирӣ раиси Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи нерӯҳои мухолифини тоҷик дар хориҷ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико ва Аврупо даъвати расмӣ нашудааст.

Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ дар гирдиҳамоии мухолифони тоҷик дар шаҳри Берлини Омлон ширкат ва суханронӣ дошт. Ӯ зимни суханронияш дар мавриди ҳадафҳои ин гирдиҳамоӣ гуфт: “Ҳадаф як чиз аст, расондани паёми миллати тоҷик ба гӯши аврупоиҳо, ки инҳо дигар шарм кунанд аз он ки пои ин гуна диктатор, мисли Эмомалӣ Раҳмон ба хоки онҳо гузошта мешавад.”

Ӯ дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки талоши онҳо аллакай натиҷа додааст: “Мо дар давоми ду се рӯз чандин ҷавобҳо ба номаҳои худ гирифтем, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ва Амрико даъвати расмӣ нашудааст. Ӯ барои ширкат дар конфросҳо меояд, ӯ барои ширкат дар кадом бизнес-форумҳо аз тарафи созмонҳои ғайридавлатӣ меояд.”

Кабирӣ мегӯяд, мо бояд маҷбур кунем, ки ҳатто як созмони тиҷоратӣ ва ҳатто як ташкилот ҳам дигар шарм кунад, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба Аврупо ва Амрико даъват кунад. Ӯ мегӯяд, мухолифин талош доранд, қадам ба қадам ба ин аҳдофи худ мерасанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.