Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар суҳбати видеоӣ 6-уми сенибяр гуфт, ки бо қабул шудани қарори “террористӣ” эътироф кардани ҲНИТ дар ҳудуди Русия, мушкилоти зиёде бар сари муҳоҷирони тоҷик хоҳад омад.
Ба иттилои раиси Паёмони миллии Тоҷикистон ва раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, пас нашри хабари пешниҳоди “террористӣ” эътироф шудани ҲНИТ дар ҳудуди Русия аз ҷониби додситонии ин кишвар, раҳбарияти ҳизб барои пешгирӣ аз қабули ин қарор бо мақомоти Русия суҳбатҳо ва номанигориҳо анҷом додааст.
Раҳбари ҲНИТ мегӯяд, дар давоми як моҳи гузашта аз суҳбатҳову номанигориҳои ин ҳизб ба мақомоти Русия маълум гардида, ки масъалаи “террористӣ” эътироф кардани ҲНИТ дар Русия дар сатҳи болотар аз вазирону раҳбарон гирифта шудааст. Яъне шахсан худи раисҷумҳури Русия Владимир Путин барои ҳимояи манофеаш дар Осиёи Марказӣ маҷбур шудааст пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро дар ин хусус бипазирад.
Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин дар суҳбаташ бо мардум, таъкид кард, ки “террористӣ” эътироф шудани ҲНИТ паёмбадҳои нохуб дорад, аммо ин паёмадҳои манфӣ на ба ин ҳизб ва аъзоёни ӯ, балки ба дигар шаҳрвандони Тоҷикистон зарараш бештар хоҳад буд. Ба таъбири ӯ, ҳизб ва аъзоёни он талафотеро, ки бояд медод, аллакай додааст.
“Ҳизб баста шуд, моликияти он ва раҳбарияташ мусодира гардид, баъзеҳо шаҳид шуданд, баъзе дигар ба солҳои тӯлонӣ ва ҳатто ҳукми абад маҳкум ба зиндон шуданд ва баъзе аз раҳбарияту дигарон дар ҳиҷрат ҳастанд ва агар нисфи дунё моро террористӣ эълон кунад ба мо ва фаъолияти мо ҳеч зарари иловагии моддӣ ва маънавие нахоҳад расид”, мегӯяд Кабирӣ. Аммо ба назари ӯ, зарар ва паёмадҳои манфии ин қарори Русия бештар ба мардуми оддӣ хоҳад расид, ки на узви ҲНИТ буданд ва на ҳастанд.
Кабирӣ мегӯяд, азбаски дар Тоҷикистон ва умуман дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қонуну риояи ҳуқуқи инсон вуҷуд надорад ва мардум бегуноҳ зиндонӣ мешаванд, ин қарори Русия метавонад боиси зиндонӣ шудани мардуми бегуноҳи зиёд гардад.
Ӯ ҳамчунин аз тамоми фаъолони сиёсӣ, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва мазҳабӣ хост, ки то як муддати муайян худро ба як кишвари амнтар аз нигоҳи риояи қонуну ҳуқуқи инсон бирасонанд, то мушкилие ба сарашон наояд. Зеро баъд аз қабули ин қарор билофосила он мавриди амал қарор мегирад ва чунин шахсон ба эҳтимоли зиёд бо баҳонаҳои ночиз боздошт мегарданд.