Кабирӣ: Ҳукумат ошӯберо дар байни зиндониён роҳандозӣ карданист

Муҳиддин Кабирӣ, раиси эътилофи Паймони миллии Тоҷикистон дар суҳбати он-лайнии худ шоми 27-уми октябр аз ошӯбе хабар дод, ки қарор аст мақомоти кишвар дар байни зиндониҳо роҳандозӣ кунанд.

Ба гуфтаи раҳбари ПМТ, дар ин бора маълумот чанд рӯзе ба дасти онҳо расидааст ва ҳамаҷониба санҷида шудааст, ки мақомот дар воқеъ чунин кореро дар яке аз зиндонҳои кишвар пиёда хоҳанд кард. Раҳбари ПМТ мегӯяд, “таҳқиқоти мо нишон дод, ки дар ҳақиқат чунин саҳнасозие аз ҷониби мақомоти кишвар дар роҳ аст.”

“Ду рӯз се рӯз пеш ба мо маълумот расид, ки Ҳукумати Тоҷикитон боз дар барномааш ҳаст, ки як фитнаеро бо номи ошӯб ё задухӯрд дар байни зиндониҳо дар дохили яке аз зиндонҳои Тоҷикистон роҳандозӣ кунад.”, – мегӯяд Муҳиддин Кабирӣ.

Ӯ мегӯяд, тақрибан ҳар сол дар Тоҷикистон мақомот дар дохили зиндонҳо ба ном ошӯб ва задухӯрд байни зиндониҳо ба вуҷуд меоранду саҳнасозӣ мекунанд.

Ҳамеша мавзуи суҳбати мақомоти Тоҷикистон ҳамин аст, ки дар дохили зиндонҳои кишвар ошӯб мешавад ва дар ҳар ошӯбе чандин зиндонӣ кушта мешаванд. Ва бо ин кор ба ном ошӯбгаронро саркӯб мекунанд ва ё боз ҳам ба онҳо солҳои тӯлонитар медиҳанд.

Кабирӣ гуфт, бо ин кор Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад вазъияти кишварро амниятӣ кунад, то мардум дар фикри зиндагӣ ва маоши хуб набошаду ҳамеша амниятро талаб кунанд.

Ҳамеша ошӯбҳо замоне роҳандозӣ мешаванд, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар сафар дар хориҷи кишвар аст. Кабирӣ мепурсад, ки агар ин ошӯбҳо саҳнасозӣ набошанд, зиндониҳо аз куҷо медонанд, ки маҳз аз фалон то фалон рӯз Президент дар сафар асту онҳо даст ба ошӯб мезананд?

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ин ошӯбе, ки дар роҳ аст ва Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад дар ин рӯзҳо роҳандозӣ кунад, чанд ҳадаф дорад:

  1. Бояд ин ошӯб ба дасти аъзоёни ҲНИТ роҳандозӣ шавад ва вазъияти кишварро амниятӣ нишон бидиҳанд. Ҳукумат мехоҳад бо ин кор нишон диҳад, ки ин ҳизб на танҳо дар берун аз кишвар фаъол аст, балки дар дохили Тоҷикистон ва ҳатто дар дохили зиндонҳо талош доранд амнияти кишварро халалдор кунанд;
  2. Гунаҳкори асосӣ ва террорист нишон додани ҲНИТ;
  3. Аз байн бурдани чанде аз нафарони маъруфу шинохтаи мухолифон дар дохили зиндон.

Ин дар ҳолест, мақомоти Тоҷикистон борҳо дар дохили зиндонҳо чунин ошӯбҳоро роҳандозӣ карда, чандин нафар кушта мешаванд. Аз ҷумла дар ошӯби зиндони “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат, ки соли 2019 роҳандозӣ шуда буд, 29 зиндонӣ кушта шуд, аз ҷумла ду узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Каримов Абдусаттор ва Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ва инчунин рӯҳонии шинохта бо номи Шайх Темурро ба қатл расонданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико ва Эрон дар остонаи имзои созишнома 14-бандӣ

Қарор аст Амриок ва Эрон 19-уми июни соли ҷорӣ дар Швейтсария як ёддошти тафоҳуми 14-бандиро имзо кунанд.

Муҳимтарин рӯйдодҳои рӯзҳои аввали Ҷоми ҷаҳонии 2026

Бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 идома доранд ва аллакай чанд натиҷаи ҷолибу ғайричашмдошт сабт шудааст.

ФАВРӢ! Алишер Мирзонаботов ба дарё сарозер шуду ҷон бохт

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳамроҳ бо аъзои хонавода ва ронандааш дар ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шуда, мошин ба дарё сарозер шудааст.

Олмон гурӯҳе аз муҳоҷирони афғонро ба Афғонистон ихроҷ кард

Мақомоти Олмон гурӯҳе аз шаҳрвандони Афғонистонро, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум шуда буданд, ба кишварашон ихроҷ карданд.