33.9 C
Dushanbe

Қабрҳои муҳоҷирони тоҷик дар ҷангал

Бозрасони шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха – Якутия (Ёқутистон)-и Русия, ба таҳқиқии қабрҳое шурӯъ кардаанд, ки дар ҷангали ин кишвар ошкор шудааст. РИА Новости дар ин бора аз қавли Анна Колесник, сарпарасти ёвари Раёсати бозрасии Кумитаи тафтишоти ин ҷумҳуҳрӣ хабар додааст.

Бозрасони шӯъбаи тафтишотии шаҳри Якутск 300 метр дуртар аз қабристони расмӣ дар даруни ҷангал як қабристони ғайрирасмӣ бо 5 қабрро таъйид кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин қабристон аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дар даруни ҷангал пайдо шудааст.

Дар хабар омада, ки қабрҳои ғайриқонунӣ нав ҳастанд. Ҳувияти ду нафари дафншуда муайян карда шуд ва барои муайян кардани се нафари дигар чораҳо андешида мешаванд, – омадааст дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ. Дар рӯи ду қабр алакай санг гузошта буданд ва мақомот муайян кардаанд, ки дар ин ду гӯр зодагони Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба хок супурдаанд. Парфирий Шестаков, раҳбари корхонаи давлатии «Ритуал» гуфтааст, ҷустуҷӯи шахсияти онҳое, ки дар се қабри дигар гӯронда шудаанд, идома дорад ва барои муайян кардани онҳо ҷамъиятҳои муҳоҷиронро ҷалб хоҳанд кард. Мақомоти тафтишотии Якутия низ ба таҳқиқи ин қазия шурӯъ кардааст.

Дар моҳҳои охир ба далели баста шудани марзҳо даҳҳо муҳоҷири дар Русия фавтидаро дар гӯшаҳои гуногуни он кишвари паҳновар ба хок супурданд. Дар бархе ҳолатҳо, ба сабаби хеле гарон будани нархи як порча замини гӯр дар қабристонҳои шаҳрҳои бузург муҳоҷирон маҷбур мешуданд мурдаҳои наздикони худро ба ягон деҳаи дурдаст, ки онҷо нархи гӯручӯб арзонтар аст, бурда, ба хок супоранд. Аммо дар Якутск, тавре ба назар мерасад, роҳи ҳалро дар ин дидаанд, ки мурдаҳои муҳоҷиронро бурда, дар ҷангал дафн кунанд

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.