24.9 C
Dushanbe

Камбуди 3400 омӯзгор дар мактабҳои Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳудуди сеюним ҳазор муаллим дар мактабҳо намерасад, омӯзгорон таъкид мекунанд, ки агар маошашон зиёдтар шавад, бар мегарданд.

Акс аз сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикитсон

19-уми июли соли 2022, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш дар шаҳри Душанбе гуфт, ки тибқи оморҳои расмӣ дар мактабҳои Тоҷикистон 3400 нафар омӯзгор намерасад ва онро як раванди маъмулӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон хонд.

Аммо ин мавқеъгирии Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои мухталифе рӯбарӯ шуд:

Қисме аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки собиқаи кори омӯзгорӣ дар мактабҳои Тоҷикистонро доранду акнун дар муҳиҷират ба сар мебаранд, мегӯянд, ки маоши онҳоро камаш 5000 ҳазор сомонӣ таъйин кунанд, ба касби дӯстдошта ва пурифтихори худ бар мегарданд.

Гурӯҳи дигаре низ аз онҳо таъкид мекунанд, ки дар шароити феълӣ кор кардан дар мактабҳои Тоҷикистон бо 1200 то 1500 сомонӣ, муодили 120 то 150 доллари амрикоӣ ба навъе таҳқири омӯзгор аст, зеро як подабони деҳа рӯзе камаш 100 сомонӣ пули нақд мегирад ва корашро идома медиҳад, вале аксари омӯзгорони деҳот дар хеле мавридҳо ҳамон маоши кам ва ё моҳонаи худро бо таъхир ва даву тозу саргардониҳои иловагӣ ба даст меоранд.

Қисми сеюм касоне ҳастанд, ки мегӯянд, норасоии 3400 омӯзгор дар Тоҷикистон даҳшат аст. Аксари омӯзгорони касбӣ бо сабаби кам будани маош ва бад шудани шароити зиндагӣ тарки касби омӯзгорӣ карданд ва донишомӯзон ҳам ба ҷои таълими фанҳои дақиқ дар мактабҳои Тоҷикистон аксар вақт рақсу сурӯдхонӣ мекунанд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ин нишасти худ таъкид кард, ки дар оғози соли ҷорӣ теъдоди норасоии муаллимон дар мактабҳои кишвар 2100 нафарро ташкил медод ва танҳо дар ин шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 1300 нафари дигари онҳо касби омӯзгориро дар мактабҳо тарк кардаанд ва барои бартараф кардани ин мушкил талош мекунанд.

Имсол дар Тоҷикистон ҳудуди 14, 500 нафар донишҷӯ риштаҳои мухталифи омӯзгориро дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар хатм мекунад ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам умед дорад, ки қисме аз онҳое, ки таҳсилоти худро аз ҳисоби буҷаи давлат хатм кардаанд, ба кор дар ин мактабҳо ҷалб мекунад.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 3940 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунад. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 128 ҳазору 827 нафар омӯзгор, аз он ҷумла 80 ҳазору 170 бонувони омӯзгор кору фаъолият мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.