Камбуди муҳоҷирони корӣ дар Русия зиёд эҳсос мешавад

Муовини аввали Вазорати корҳои дохилаи Русия Александр Горовой, гуфтааст, ки кишвараш ба норасоии ҷиддии муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба рӯ гардидааст.

Хабаргузории ТАСС аз қавли Александр Горовой навишта, ки барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони пулис ва мақомоти шаҳр корҳои мушаххас анҷом медиҳанд.

Горовой гуфтааст, ки “барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон мо дар якҷоягӣ бо департаменти ҳукумати пойтахт, маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ ҳамкорӣ дорем, то онҳоро барои кор дар бахши сохтмон ҷалб намоем”.

Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Русия дар идома қайд намудааст, ки “бояд вазъи муҳоҷират таҳти контрол боқӣ бимонад. Мушкилот буд, аммо ҳоло онҳо муайян шуданд. Пас аз бекор шудани маҳдудиятҳои пандемия, кишвар ба норасоии қувваи кории хориҷиён рӯ ба рӯ шудааст”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.