19.9 C
Dushanbe

Қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон дар бораи Рамазон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳам ба сурати расмӣ бо нашри як қарор рӯзи аввали моҳи Рамазонро эълон кард.

Имрӯз, 16-уми марти соли 2023, Саидмукаррам Абдурқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаъми аъзои ин марказ гуфтааст, “мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рӯзи панҷшанбе 23-юми март фаро мерасад.”

Дар ин Қарори Шӯрои уламо таъкид шуда, ки “мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2023 ба ҳисоби тақвимӣ рӯзи панҷшанбе 23-юми март муайян карда шавад.

  1. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 32300 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 800 сомонӣ закот дода мешавад.
  2. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.
  3. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2023 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.”

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз, пеш аз он ки Маркази исломии Тоҷикистон дар ин бора ба расонаҳо чизе бигӯяд, маҷаллаи Дин ва Ҷомеаи вобастаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар саҳфаи фейсбукии худ хабар дода буд.

Тибқи қонунгузориҳои амалкунандаи кишвар Маркази исломии Тоҷикистон як ташкилоти динии ҷудо аз давлат аст, ки дар солҳои навдуми асри гузашта пас аз барҳам додани Идораи Қозиёти мусалмонони Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Аммо амалан тобеи давлат буда, ҳукумат ва мақомоти кишвар ҳар тавре хоҳанд ба нафъи худ, аз минбарҳои он истифода мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони Бозиҳои Осиё

Варзишкори хушноми тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Чин қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шуд.

Боздошти писари ректори Донишгоҳи славянӣ

Пулиси шаҳри Душанбе Файзулло Комёб Машраби 18-cола ва Аҳтамзода Оятулло Хушбахти 19-cоларо боздошт кардааст. 

Сафари Эрдуғон ба Нахҷавон

Пас аз тасарруфи минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон нахустин раисҷумҳурест, ки бо сафари расмӣ вориди Озарбойҷон шудааст.

Кӯчаҳои пур аз партови шаҳри Хуҷанд

Сокинони шаҳри Хуҷанд аз бемасъулиятии масъулон дар робита ба тозакорӣ ва таъмири вайронаҳои ин шаҳр шикоят доранд.