13.9 C
Dushanbe

Қатъи интернет дар Тоҷикистон ҳангоми суҳбати онлайнии М.Кабирӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА тасодуфӣ буд?

Дирӯз 16 сентябр дар тамоми Тоҷикистон шабакаи интернетро тӯли як соат қатъ карданд. Хадамоти алоқа то ҳол, сабаби қатъи интернетро шарҳ надодааст, аммо ба “Азия плюс” гуфтаанд дертар шарҳ хоҳанд дод.

Ҳамзамон корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят краданд, ки интенет дар тамоми ширкатҳои мобилӣ муддати як соат қатъ шуда буд. Марям Давлатова, як корбар дар фейсбук менвисад, ки “ин кори ширкатҳо нест. Рубилники ягона дар дасти касе бошад, қатъ караднаш ҳам аз ҳамонҷост”. Ба навиштаи баъзе корбарон, ки ба “Ваbilon”-T “Тcell” тамос гирифта сабабро пурсон шудаанд, ба онҳо гуфтаанд, интернет дар тамоми Ҷумҳурӣ қатъ шудааст.

Бояд гуфт, ки дирӯз 16 сентябр Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ бо даъвати “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА суҳбати онлайние дошт, ки он як соат идома кард.

Ҳоло гуфтан душвор аст, ки интренетро дақиқан ба ҳамин хотир қатъ карданд ё ягон сбаби дигар, аммо аксари коршиносон қатъи интернетро ба суҳбати раҳбари мухолифон рабт медиҳанд. Инчунин баъзе фаъолон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин эҳтимолро дур намедонанд. Чун иттифоқан интернет дар замоне қатъ шуд, ки Муҳиддин Кабирӣ, дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон – яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Амрико суҳбат мекард.

“Барномаи Осиёи Марказӣ” бо интишори хабари эълони гуфтугӯи онлайнии М. Кабирӣ дар вебсайташ навишта буд:

“Барномаи Осиёи Марказӣ” бо даъвати хоҳишмандон дар назар дорад, ки бо раҳбари мухолифин дар хориҷ ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ суҳбати онлайнӣ баргузор карда, вазъияти феълӣ ва чашмандозҳои ояндаи Тоҷикистонро баҳсу баррасӣ кунад.

“Барномаи Осиёи Марказӣ” яке аз бонуфузтарин марказҳои таҳқиқотӣ ва пажуҳишӣ дар робита бо ОМ дар сатҳи ҷаҳон ба шумор меравад. Муҳиддин Кабирӣ бори охир 8 сол пеш, бо даъвати Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА ба ин кишвар сафар карда, дар он ҷо суханронӣ намуда буд. Суханронии дирӯзаи раҳбари ПМТ аз суҳбати соли 2012-аш, ки дар донишгоҳи мазкур карда буд, фарқ мекард. Ӯ бештар аз қонуншиканиҳои мақомоти кишвар ва зери по шудани ҳуқуқҳои демократии сокинон аз ҷониби ҳукуматдорон гуфт, ки ба андешаи Кабирӣ ин ҳама қонуншиканиҳо пуштипо задани мақомдорони тоҷик ба қавонинӣ демократӣ мебошад.

Муҳиддин Кабирӣ инчунин ба Созишномаи сулҳи тоҷикон, ки соли 1997 ба имзо расидааст, ишора намуда, дар бораи аҳаммиятнокии он гуфт, ки Созишнома ба ҷанг дар кишвар нуқта гузошт, аммо ваҳдату суботро натавонист таъмин кунад. «Ва вазифаи дуюмаш, кушодани роҳ барои як Тоҷикистони демократӣ ва пешрафта нотамом монд. Як тарафи сулҳ аз кившар ронда шуд, садҳо роҳбаронаш аз нав вориди зиндон гашта ва беъзеяш кушта шуданд».

Иштибоҳи асосии ҷониби мухолифинро Кабирӣ дар он медонад, ки аз ду вазифаи асосии Созишнома ва раванди сулҳ – ҳифзи сулҳу амният ва таъмини озодиҳову ҳуқуқ ба ҳифзи сулҳ бартарӣ дод, зеро фикр мекард, ки ниёзи аввалиндараҷаи ҷомеа амният ва ҳифзи сулҳи ба дастомада ба ҳар қиммат аст. «Ҳатто, ба қиммати аз даст додани озодӣ ва ҳуқуқҳо. Дар охир ҳам суботу амниятро аз даст додем ва ҳам озодиву ҳуқуқамонро. Яъне, риоят накардани тавозун дар шинохти авлавиятҳои воқеъӣ яке аз иштибоҳҳои мо буд».

“Тибқи гузориши «Экономист» соли 2012 мо чузъи 20-гонаи кишварҳои диктотурӣ будем, имсол дар ҷои 8-ум. Он сол дар рейтинги « Reporters Without Borders» оиди озодии матбуот мо чои 120 ум будем, имсол 161. Яъне, 40 зина поён рафтем. Он сол мо дар рейтинги Хонаи Озодӣ (Фридом Хауз) бо 6 хол ҷузъи бадҳо будем, имсол бо болотарин хол- 7 ҷузъи бадтаринҳо хастем. Ҳамчунин дар рейнтингҳои фасод, камбизоати ва озодиҳои мазҳаби, ки намехоҳам бо вақти шуморо бо такрори онҳо бигирам. Чӣ дар суханронии 8 сол қабл инҷо ва чӣ даҳҳо суханрониву мақолаҳои дигар мо бонги хатар мезадем, ки Раҳмон Тоҷикистонро қадам ба қадам ба як кишвари комилан диктотурӣ ва ҳукуматро хонаводагӣ мекунад. Он чизе, ки имрӯз амалӣ шуд. Имрӯз кишвари мо чузъи қашшоқтарин, заъифтарин, бастатарин ва 10- гонаи ғайри демократиҳост»

Як манбаъ аз Дастгоҳи раисҷумҳур, ки нахост номаш бурда шавад, ба “Azda.tv” гуфт: “Дишаб дар Кумитаи дин, як гурӯҳ активистҳо “бачаҳако” барои ҷанги интернетӣ ҷамъ омаданд . Вақте суханронӣ сар шуд, интернетро қатъ карданд … То ин кормандон бо якдигар харахаша доштанду як шӯъбаи идораашон ба шӯъбаи дигар дашномдиҳӣ мекард чорабинӣ тамом шуд”.

Як коршинос ба “Azda.tv” мегӯяд, КДАМ фабрикаи ҷавобро ҷамъоварӣ кард то мисли ҳамеша ба суҳбатҳои Кабирӣ халал ворид кунад ва зери навор таҳқиру дашном нависанд, аммо чун диданд дар ин суҳбати онлайнӣ бояд сабтином кард ва чун суханронӣ дар барномаи WebEx баргузор шуд, ки имкони навиштани комент ва дахолат дар барномаро надошатнд, дар охир тасмим гирифтанд интернетро то поёни суханронии Кабирӣ қатъ кунанд.

Як манбаъи дигар низ ба “Azda.tv” гуфт: “дирӯз соати 19: 08 бо вақти Тоҷикистон ҳамроҳи хонаводааш суҳбат дошт, ки якбора интернет катъ шуд ва пайвандонаш талош карданд дубора аз симкорти диагр тамос гиранд, аммо он низ интернет надошт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.