13.9 C
Dushanbe

Қатли бераҳмонаи ҳамсар ва хусур аз ҷониби як шаҳрванди Тоҷикистон

Бино ба гузориши расонаҳои русӣ як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Перми Русия рӯзи 4 феврал ҳамсар ва падарарӯс (хусур)-ашро ба сурати ваҳшиёна қатл намудааст.

Гуфта мешавад, муноқиша аз онҷо сар задааст, ки ҳамсари ҳомила ба шавҳараш мегӯяд, намехоҳад бо ӯ зиндагӣ кунад ва ҷанини дар батнашбудро низ мегирад. Зеро аллакай ду фарзанди хурдсол доранд, яке якуним сола ва дигаре чормоҳа.

Ин сухан шавҳарро хашмгин намуда кудаконро ба утоқи дигар бурда мегузорад ва бо корд дар ноҳияи синаи зан мезанад ва сипас сари ҳамсарашро аз танаш ҷудо мекунад. Баъд аз он дар кӯча бо падарарӯсаш вохӯрда ӯро низ бо зарби чанд корд ба ҳалокат мерасонад.

Мақомоти ВКД-и Перм ҷузъиёти ин куштори бераҳмонаро нашр карданд. Бино ба иттилои ВКД муноқишаи ҳамсарон дар як манзил дар ошёнаи дуюми як бино дар кӯчаи Есенин дар Заостровка рух додааст.

Дар ҷузъиёти хабар омада, ки ин оилаи ҷавон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, чанд сол пеш ба Перм омада буданд. Шоми 3 феврал дар манзили онҳо ҷанҷол сар мезанад. Зани 21-сола ба шавҳараш гуфтааст, ки намехоҳад фарзанди сеюмшро ба дунё биёрад ва мехоҳад аз шаҳвараш ҷудо шавад. Ин сухани зан шаҳварро ба ғазаб оварда, сари занашро аз танаш ҷудо мекунад.

Ин ҷовони тоҷик паз аз куштани ҳамсараш фарзандонашро ба хонаи хешони занаш мебарад.

Хабаргузории “Комсомольская правда” аз қавли гумонбар менависад, ки ӯ гуфт: “Ман ба хусурам занг задам, вай гуфт, ки аз бозор ба хонааш меравад”. “Қотил ӯро дар кӯча интизор шуда ва бо корд ӯро зад, пирамард дар ҷои ҳодиса ҷон дод”, менависад хабаргузории “perm.kp.ru”.

Дар ҳамин лаҳза кормандони пулис, ки аз кор ба хона бармегаштанд, аз наздикӣ мегузаштанд. Пас аз дидани ин ҳодиса онҳо ҷинояткори 26-соларо боздошт карданд.

Сокинони бино, ки шоҳиди чӣ гуна дастгир шудани қотил буданд, гуфтанд: “Вақте ки ӯро маъмурони пулис аз бино берун оварданд, ӯ дод зад ва сахт гирист”.

Бино ба навиштаи Радиои Озодӣ мард Шоҳназар ном дошта аз ноҳияи Тоҷикобод будааст. Зайниддин Иброҳимов, раиси ҷамъият ё диаспораи тоҷикон дар Перм ба Озодӣ гуфтааст ҳодиса дар пайи моҷарои оилавӣ рух додааст. “Шавҳар аз занаш хостааст, ки фарзанд таваллуд кунад, вале ӯ бинобар вазъи нохуби саломатӣ вориди баҳс шудааст. Ҳамин тавр, кор ба куштор кашида шудааст”.

Сурат: m.progorod59.ru (Фото: ПОДСЛУШАНО ПЕРМЬ)

Гуфта мешавад, гумонбар 26-сол дошта аз сӯйи кормандони полис боздошт шудааст. Азия Плюс аз қавли расонаҳои русӣ менависад, ки нимаи дуюми рӯзи панҷшанбе гумонбар ба маҳалли фоҷиа кӯчаҳои Есенин ва Маяковский оварда шуда нишон додааст, ки чӣ тавр даст ба куштор задааст. Фарзандони ноболиғи ин хонавода ба як муассисаи иҷтимоии Перм бурда шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.