КДАМ ҶТ: Қирғизистон вазъият дар сарҳадро “тезу тунд” мекунад

Раёсати Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар вокуниш ба мавқеъгирии вазири мудофиаи Қирғизистон мегӯяд, ки вай “ошкоро бар хилофи мавқеъгирии роҳбарияти Қирғизистон” изҳорот додааст.

Имрӯз, 20-уми октябри соли 2022, Раёсати Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, “19-уми октябри соли ҷорӣ Вазири мудофиаи ҶҚ Бакитбек Бекболотов зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки: «Байни Қирғизистону Тоҷикистон сулҳ нахоҳад шуд». Ин изҳороти иғвоангезона пурра муқобили ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ мебошад.”

Ба қавли манбаъ, “Бакитбек Бекбулатов ишора кард, ки мушкилоти муайянкунӣ ва аломатгузории марзӣ то лаҳзае, ки силоҳҳои вазнин аз хатти сарҳади давлатӣ берун бурда нашаванд, боқӣ мемонанд. Вале ҳамзамон бо ин, хабар дод, ки аз тарафи Қирғизистон маҷмуи мушакандози зенитии С-125 «Печора-2БМ» харидорӣ гардидааст ва дар ҳудуди вилояти Бодкан ҷойгир карда мешавад.”

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ин “амалкарди вазир ошкоро бар хилофи мавқеъгирии роҳбарияти Қирғизистон дар хусуси аз тариқи гуфтушунид ва бо назардошти муносибатҳои дӯстонаи ду халқи ҳамсоя ҳал кардани масъалаҳои баҳсӣ, равона шудааст.”

Ҳадафи асосии изҳороти мазкур тезутунд сохтани ваъият дар хатти сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон мебошад. Гузашта аз ин, мавқеи узви Ҳукумати ҶҚ бо протоколҳои имзошудаи дуҷониба таҳти №39, №41, ва №42, ки тибқи онҳо масъалаҳои муайнкунии сарҳад бояд дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворию якдигарфаҳмӣ ҳалли худро ёбанд, мухолифат мекунад. Ҷойгиркунии воситаҳои иловагии зиддиҳавоӣ дар вилояти Бодкан рӯирост вайрон кардани банди «е»-и Протоколи №42 аз 25-уми сентябри соли 2022 мебошад.

Маркази матбуоти Раёсати Нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ инро хилофи  протоколҳои имзошудаи дуҷониба таҳти №39, №41, ва №42 дониста, мегӯяд, “муроҷиатҳои моҷароҷӯёнаи ходимони сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Қирғизистон муқобили уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи тарафҳо буда, ба мураккабшавии вазъият дар сарҳад ва пайдо шудани ҳисси нобоварӣ нисбат ба якдигар боис мегарданд.”

Гуфта мешавад, тайи ду рӯзи ахир танишҳои лафзӣ байни мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон аз нав шиддат гирифтааст ва ҳар ду ҷониб якдигарро ба омода шудан ба низоъҳои навбатӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ муттаҳам карда, мегӯянд, ки рафторҳои онҳо боиси аз байн рафтани нобоварӣ байни сокинон ва ноором шудани авзоъ дар минтақа мусоидат мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.