31.9 C
Dushanbe

КДАМ: Дар тамоми самтҳои марзи давлатӣ даргириҳо идома дорад

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҷанг дар ҳама самтҳои марзи давлатӣ бо қирзҳо идома дорад ва талошҳои ҷониби Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъият натиҷаи надод.

Дар ин изҳорот таъкид шудааст, ки “аз тарафи мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, соатҳои 06:30 ва 07:30-дақиқа, иқдоми якҷонибаи оташбас амалӣ шуда, роҳандозии гуфтушунид пешниҳод гардид, аммо хизматчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ин пешниҳодотро нодида гирифтанд ва аз ҳама намуди силоҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва техникаи ҳарбӣ нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистонро зери оташи шадид қарор доданд.”

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки “хизматчиёни воҳидҳои таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон дар маҳаллаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лакони шаҳри Исфара ба хонаҳои сокинони осоишта ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро оташ заданд.”

Аз сӯи дигар дар шабкаҳои иҷтимоӣ хабарҳои зиёде дар ин хусус нашр шуда, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, доманаи нооримиҳо аз Ҷамоати деҳоти Исфара ба Овчиқалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам густариш пайдо кардааст.

Инчунин  Паёмнет ба нақл аз манобеи худ аз кушта шудани як сарбози Тоҷикистон хабар дода гуфтааст: “ДРОНҲОИ ҚИРҒИЗӢ ДАР ФАЗОИ ТОҶИКИСТОН ПАРВОЗ ДОРАНД. ЗАДУХӮРД ДАР ХОКИ ТОҶИКИСТОН РАФТА ИСТОДААСТ. БА АҲОЛИИ МАҲАЛҲОИ НАЗДИСАРҲАДӢ ФАРМОН ШУДААСТ, КИ КӮЧА НАБАРОЯНД ВА БИДУНИ ЗАРУРАТ, ҲАТТО ДАР ҲАВЛИИ ХУД ГАШТУГУЗОР НАКУНАНД.

Инчунин бархе расонаҳо аз кушта шудани як сокини Исфара низ дар ин набардҳо хабар дода мегӯянд, ки Қирғизистон гуфтааст, ки дар натиҷаи муноқишаҳои субҳи имрӯз то ҳол 18 нафар захмӣ шудааст.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба оғози ин муноқишаҳо муттаҳам карда, хабар додааст, ки субҳи имрӯз, “16-уми сентябри соли 2022 дар бинои вазорат ба ҷониби Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорида шуд.”

Инчунин ба қавли Вазорати корҳои хориҷии кишвари ҳамсоя субҳи имрӯз дар шаҳри Самарқанд мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифта, дар бораи муноқишаҳои марзӣ гуфтугӯ карданд. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то замони таҳияи ин хабар дар бораи ин мулоқот хабар надодааст.

Набардҳои хунину вазинини субҳи имрӯз дар марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан соати 05:30 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуда, ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози даргириҳо муттаҳам мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.