2.9 C
Dushanbe

Ҳабибулло Воҳидзода: Сатҳи нашъамандӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода мегӯяд, қочоқи маводи мухаддир нисбат ба солҳои қаблӣ кам гардида, дар 11 моҳи соли равон 615 ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир дастгир шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории “Ховар” Воҳидзода дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор иброз дошта, ки солҳои охир дар Тоҷикистон коҳиши сатҳи нашъамандӣ миёни аҳолӣ ба чашм мерасад ва шумораи нашъамандҳо аз 8645 нафар дар соли 2008 то 5130 нафар ба ҳолати 1 октябри соли 2020 расидааст, ки ба 40,7 дарсад баробар буда, дар муқоиса ба соли 2019  245 нафар ё 4,6 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳабибулло Воҳидзода Сурат: akn.tj

“Дар панҷ соли охир сатҳи нашъамандӣ 27,4 дарсад кам шудааст, ки сабаби он дар натиҷаи ҳамкории судманд баргузор намудани чорабиниҳои муштараки зиддимухаддиротӣ, аз ҷумла корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила баланд гардидани маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибатҳои зарари нашъамандӣ, инчунин тартиби дуруст ба роҳ мондани  бақайдгирии беморони нашъаманд дар марказҳои наркологӣ мебошад”, – мегӯяд, Воҳидзода.

Ба навиштаи “Ховар” аксарияти маводи мухаддир, ки ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид мегардад, дар хати марз ё дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира шудаанд.

Соли 2019 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз муомилоти ғайриқонунӣ як тоннаю 637 кг маводи мухаддир мусодира гардид, ки аз онҳо 781 кг ё 48 дарсадашон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира гардиданд.

Гуфта мешавад, дар 11 моҳи соли равон 615 ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи Возидзода, солҳои 2008 -2014 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҳамасола аз муомилоти ғайриқонунӣ аз 3 то 7 тонна маводи мухаддир мусодира карда мешуд.

Дар соли 2018 ба 3 тоннаю 696 кг., соли 2019 ба 1 тоннаю 637 кг ва дар 11 моҳи соли равон ба 2 тоннаю 236 кг. расид.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки давоми солҳои 2017-2020 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 35 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ ошкор ва фаъолияташон қатъ карда шуда, 84 нафар саркардагон ва аъзои фаъоли онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё бо омадани Трамп ҷанги Русияву Украина хотима меёбад?

Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрикон ба Владимир Путин дар робита ба ҷанг дар Украина ҳушдор дод.

Тошиев: Созишномаи баҳсҳои марзӣ ба зудӣ аз ҷониби президентҳо имзо мешавад

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, созишнома дар бораи муайянсозии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то ҷашни Наврӯз аз ҷониби президентҳо ба имзо мерасад.

Ихроҷи ҳазорҳо муҳоҷир аз Санкт-Петербург

Дар соли 2024 танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия зиёда аз 8 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудаанд.

Кушта шудани сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанги Русия алайҳи Украина

Расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, дар ҷанги Русияву Украина ҳудиди 1000 сарбози Кореяи Шимолӣ, ки дар сафи артиши Русия меҷангиданд, кушта шудаанд.