25.9 C
Dushanbe

Ҳабси абад барои дастдарозӣ ба духтари се сола

Акс аз akhbor.com

Додгоҳи Душанбе  таҷовузкори духтари сесоларо ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар сомонаи додгоҳ омодааст, ки  9 июли соли 2020 дар мурофиаи пӯшида додгоҳ  нисбати нафари муттаҳам – Зиёев Юсуф Раҷабалиевич, ки барои содир кардани ҷинояти таҷовуз ба номуси духтарчаи се сола, бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а”  ва  127 қисми 1  КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон айбдор дониста мешуд, ҳукм содир кард.

Бо ҳукми додгоҳ Зиёев Юсуф Раҷабалиевич бо моддаҳои 138 қисми 3 139 қисми 4    ва  127 қисми 1  КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазоҳои зерин таъин карда шуд:

бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан;

бо моддаи 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол;

бо моддаи 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 2 (ду) сол таъин карда шуд.

Мутобиқи қисми 4-и моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Зиёев Юсуф Раҷабалиевич ҷазои ниҳоӣ якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус таъин карда шуд.

Ҳабси абад муҷозотест,ки шурӯъ аз соли 2005 дар Тоҷикистон ҷойгузини ҳукми эъдом шудааст.Феълан дар Тоҷикистон ба ҷазои ҳукми қатл моратория эълом шудааст,яъне ин ҷазо мутаваққфи шуда амали он бо муҷозоти якумрӣ иваз шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.