Блоги шумо

Рушди иқтисод дар Тоҷикистон - ҳақиқат ё дурӯғ?

Ҳукумати кишвар ҳамеша дар гузоришу ҳисоботи худ қайд мекунад, ки ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дар кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои мусоид фароҳам овардааст.

Акс аз Интернет

Дар ин матлаб мехоҳем ба чанд нуктаи муҳим муруре дошта бошем, то барои хонанда равшан гардад, ки иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 то чӣ андоза рушди устувор дошт ва то чӣ ҳад иддаҳои Ҳукумат дар ин бобат ба воқеият наздик буд.

Ҳаҷми ММД-и кишвар

Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и умумии кишвар яке аз нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Барои ҳисоби он тамоми маҳсулоти истеҳсолшуда ва хадамоти расонидашударо ба шакли пул дар як давраи муайян ҷамъ мекунанд. Рушди иқтисоди ҳар як кишвар аз рушди ММД вобастагии бевосита дорад.

Бо вуҷуди он ки Ҳукумати кишвар рушди устувори иқтисодиро иддао мекунад, дар сатҳи ҷаҳонӣ ММД-и Тоҷикистон яке аз заифтаринҳо ба ҳисоб меравад. Бар асоси радабандии Бонки ҷаҳонӣ, ки 1 июли соли ҷорӣ нашр шуда буд, соли 2021 ММД-и Тоҷикистон 8 миллиарду 746 миллион долларро ташкил додааст ва бо ин нишондиҳанда кишвари мо дар байни 207 кишвари дунё ҷойи 148-умро ишғол кардааст. Тибқи маълумоти манбаъ, дар сатҳи Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистон нишондиҳандаи бадтар дорад, ки бо 8 миллиарду 543 миллион доллар дар мақоми 149-ум қарор гирифтааст. Беҳтарин нишондиҳандаи ММД-ро дар минтақа Қазоқистон бо 190,8 миллиард доллар (ҷойи 54-ум) ишғол кардааст, пас аз он Ӯзбекистон бо 69,2 миллиард доллар (дар ҷойи 75-ум) ва Туркманистон бо 45,2 миллиард доллар (дар ҷойи 91-ум) қарор доранд.

Фарқи нишондиҳандаи ММД-и Тоҷикистон бо Қирғизистон, ки дар радабандӣ поёнтар қарор гирифтааст, минималӣ буда, ҳамагӣ 203 миллион доллар, яъне 2,3 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад. ММД-и Туркманистон нисбат ба Тоҷикистон 5 баробар зиёд аст, Ӯзбекистон - қариб 8 баробар ва Қазоқистон - зиёда аз 21 баробар.

Аз ин муқоисаи оддӣ бармеояд, ки иқтисоди Тоҷикистон агарчи “рушди устувор” карда истодааст, ҳатто дар сатҳи минтақа, ки аслан кишварҳои пешрафтаву сарватманд ҳисоб намешаванд, хеле заиф аст.

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими дигари иқтисодӣ ин нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ мебошад. Барои ҳисоби ин нишондиҳанда бояд маҷмуи маҳсулоти дохилии умумии кишварро ба ҳар сари аҳолӣ тақсим кард. Ин нишондиҳанда нисбатан дақиқтар буда, сатҳи миёнаи иқтисодро новобаста ба шумори аҳолии кишвар муайян мекунад. Зеро табиист, ки кишвари аҳолияш калон ММД-и умумии бештар дорад. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2021 нишондиҳандаи ММД-и Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ ба 4 ҳазору 288 доллар баробар шудааст. Барои муқоиса, ин нишондиҳандаи Қирғизистон ба 5 ҳазору 287 доллар, Ӯзбекистон  - 8 ҳазору 497 доллар, Туркманистон  - 16 ҳазору 194 доллар ва Қазоқистон ба 28 ҳазору 600 доллар баробар шудааст.

Тавре дар муқоиса дида мешавад, нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон пасттарин дар минтақа аст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ низ хеле паст аст. Дар ҳарду радабандии Бонки ҷаҳонӣ пас аз Тоҷикистон танҳо кишварҳои қашшоқтарини Африқо, кишварҳои хурду ҷазиравӣ ва кишвари ҷангзадае мисли Афғонистон ҷойгир шудаанду бас. Ягон кишваре аз Амрикои Шимоливу Ҷанубӣ ё Аврупову Осиё дар радабандиҳо пас аз Тоҷикистон наомадааст.

ММД-и кишварро соли 2023 чӣ интизор аст?

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон соли 2021 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 98,9 миллиард сомонӣ расид, ки бо қурби асъори вақт ба 8,7 миллиард доллар баробар буд. Тавре дида мешавад, маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумат тақрибан як аст, зеро Бонки ҷаҳонӣ гузориш ва пешгӯии худро дар асоси маълумоти расмии пешниҳодшуда омода кардааст. Бо назардошти он ки Ҳукумат ҳамеша дар омор ба дасткориву изофанависӣ даст мезанад, вазъи ҳақиқии иқтисоди Тоҷикистон хеле дур аз он аст, ки Ҳукумат мегӯяд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро барои соли 2023 дар ҳаҷми 127,3 миллиард сомонӣ (12,4 миллиард доллар) пешбинӣ карда, рушди воқеии иқтисодиро 7,8% гуфтааст.

Таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё бошад, афзоиши ММД-и Тоҷикистонро дар соли 2023 дар сатҳи 6,5% пешгӯӣ мекунанд.

Бонки Осиёии Рушд бошад, 5,0 дарсад пешбинӣ кардааст.

Сандуқи байналмилалии пул (IMF) рукуди иқтисодиёти ҷаҳониро пешбинӣ карда, рушди ММД-и Тоҷикистонро 4,0 дарсад мегӯяд.

Барои муайян кардани вазъияти воқеии иқтисоди кишвар ва пешгӯии рушди он чанд нуқтаро ба назар гирифтан зарур аст:

1. Таварруми бесобиқа

Пӯшида нест, ки нархи маҳсулот дар кишвар ба таври бесобиқа гарон шудааст. Коршиносон онро натиҷаи тавварум медонанд. Аз ҷумлаи сабабҳои таваррум баланд шудани арзиши маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ, монополӣ шудани бозори дохилӣ ва вобастагии шадид аз воридот аст.

2. Рукуди иқтисоди ҷаҳонӣ дар асари ҷанги Русия бо Украина

Дар пасманзари ҷанг дар Украина тамоми ҷаҳон ба рукуди иқтисодӣ дучор шудааст. Хусусан ба кишваре чун Тоҷикистон, ки иқтисодаш аз интиқоли маблағи муҳоҷирон вобастагии бевосита дорад, таъсираш бештар хоҳад буд.

3. Ҳиҷрати саросарии мардуми кишвар

Агар қаблан танҳо мардон ба муҳоҷирати корӣ мерафтанду хонаводаашон дар Тоҷикистон мемонданд, як-ду соли охир бештар мардум бо хонаводаҳояшон ба муҳоҷират рафта истодаанд. Ин ҳолат аз як тараф ба кам шудани аҳолӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа иқтисод заиф мешавад, аз тарафи дигар интиқоли маблағ низ кам мешавад.

4. Фирори бесобиқаи сармоя аз кишвар

Солҳои охир кишвар дучори фирори бесобиқаи сармоя шудааст. Ҳам сармоягузорони хориҷӣ ва ҳам тоҷирони ватанӣ кӯшиш мекунанд сармояи худро ба хориҷ баранд, зеро дар кишвар имкони тиҷорат намондааст. Сабаби он фасоди саросарӣ, фишори бесабабу аз ҳад зиёди Кумитаи андоз, мақомоти иҷроия ва сохторҳои қудратӣ ба тоҷирон ва монополияшавии бозори дохилӣ аст.

5. Рукуди иқтисоди минтақа

Ҳеҷ иқтисоде наметавонад дар алоҳидагӣ рушд намояд, бинобар ин рукуди иқтисоди минтақа ба кишвар таъсири бевосита дорад. Коршиносони Сандуқи байналмилалии пул пешгӯӣ кардаанд, ки рушди ММД-и Осиёи Марказӣ 3,6 дарсадро ташкил медиҳад, ки нисбат ба солҳои гузашта кам аст.

6. Таъсири пандемияи корона

Пандемия агарчи кам шудааст, вале ба охир нарасидааст. Иқтисоди ҷаҳонӣ то ҳол пас аз буҳрони пандемия барқарор нашудааст ва он ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.

Соҳаи молия

Соҳаи молияи кишвар дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя хеле хурду заиф аст. Тибқи гузориши Бонки Осиёии Рушд, дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ 2,26 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ба 28% маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Он нисбат ба кишварҳои ҳамсоя каматр аст. Низоми молиявии кишварро ин бонк “заиф” номида, гуфтааст, дар кишвар низоми бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба таври кофӣ инкишоф наёфтаанд, тиҷоратҳои хурду миёна, ки асоси рушди иқтисодиро ташкил медиҳанд, аз дастгирии молиявӣ маҳруманд, зеро фоизи қарзҳо хеле баланд аст, низоми суғурта дар кишвар хеле заиф буда, ҳамагӣ 0,34 дарсади ММД-ро ташкил мекунад, соҳаи бонкдорӣ аз сабаби дахолати бонкҳои давлатӣ ба таври кофӣ инкишоф наёфтаанд, бозори саҳмияҳо ва биржаи кишвар ақибмонда мебошанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки заъфи соҳаи молия монеаи бузургест, ки намегузорад иқтисоди кишвар рушд кунад.

Қарзҳои давлатӣ ва грантҳо

Қарзҳое, ки кишвар аз созмонҳои байналмилалӣ, бонкҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои сармоягузор ба даст меорад, яке аз манбаъҳои асосии воридоти пул ба кишвар ҳисобида мешаванд. Ҳукумати кишвар аз ҳама ва бо ҳар роҳ қарзу грант ба даст меорад. Ҳаҷми қарзи давлатӣ аллакай ба 3,2 миллиард доллар расидааст, ки ба 41,6 дарсади ММД баробар аст. Гуфта мешавад, аксари он ба кишвари Чин рост меояд. Ҳамасола дар буҷети кишвар дар қисми даромади он бандҳое бо номи “қарзҳо ва грантҳо” ба назар гирифта мешаванд. Масалан, буҷети соли 2022 чунин бандҳоро дар бар гирифта буд:

- грантҳо аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ – 665 миллион сомонӣ ё 66,7 миллион доллар;

- аз ҳисоби грантҳо ва қарзҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ – 7 миллиарду 938 миллиону 632 ҳазор сомонӣ ё 784,4 миллион доллар.

Ҳамчунин, вакилони мардумӣ барномаи махсусеро тасвиб кардаанд, ки барои гирифтани қарзҳо дар солҳои 2023-2025 дурнамо дар назар гирифтааст.

Яъне, соддатар карда бигӯем, талбандагиву қарзхоҳӣ дар сатҳи давлатӣ тасдиқ шудааст. Вале мушкилии асосӣ гирифтани қарз нест, балки мушкилии асосӣ дигар аст.

Аввалан, Ҳукумат қарзҳоро беҷо сарф мекунад, қисме дуздида мешаванд, қисме ғайримақсаднок истифода мешаванд.

Дуввум, Ҳукумат на имконият ва на хоҳиш дорад қарзҳои гирифтаашро баргардонад ва ин ҳолат ба ояндаи миллату Ватан хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Соҳаи саноат

Ҳам Ҳукумат ва ҳам раисҷумҳур дар бораи саноатикунонии босуръати кишвар стратегия ва барнома қабул кардаанд. Ҳар сол Ҳукумат дар ҳисоботи худ дар мавриди кушода шудани даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ҳисобот медиҳад. Раисҷумҳур бошад, дар ҳар паёму вохӯриҳои худ ҳатман қайд мекунад, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд шудааст. Вале амалан на дар бозори дохилӣ ва на дар содироти кишвар ҳеҷ маҳсулоти саноатие дида намешавад. Кишвар ба шакли назаррас танҳо сангу металҳои қимматбаҳо, нахи пахта, семент, барқ ва хушкмева содир мекунад. Ба ҷуз сементу барқ ҳамаи он маводи хому коркардношуда ба ҳисоб мераванд. Зиёд кардани истеҳсолу содироти маводи хом саноатикунонӣ ба ҳисоб намеравад. Маҳсулоти саноатӣ гуфта, маҳсулоти коркардшуда ва барои истеъмол омодаро мегӯянд. Масалан, барои коркарди нахи пахта корхонаҳои бофандагию ресандагӣ ва сипас ширкатҳои соҳиби брендҳои либоси тайёр лозиманд. Пахтае, ки коркард шуда, то либоси тайёр мерасад, нархи он то 10 баробар зиёд мешавад. Соли 2021 Тоҷикистон 121 ҳазор тонна нахи пахтаро ба арзиши умумии 256 миллион доллар содир кардааст. Агар ин пахта коркард мешуд ва либоси тайёри брендӣ содир мешуд, имкон буд то 2 миллиард доллар содирот шавад, ки он 25% фоизи ММД-и кишварро ташкил мекунад.

Дида мешавад, ки соҳаи саноати кишвар ҳам хеле заифу ақибмонда аст ва кишвар бештар маҳсулоти хому коркардношуда истеҳсол ва содир мекунад.

Хулоса

Хулоса, дар ҳолати рукуди иқтисоди ҷаҳон ба он шакле, ки коршиносон пешгӯӣ мекунанд ва бо назардошти идомаи ҷанг дар Украина, интишори пандемия, ҳиҷрати саросарии мардум, таварруми пули миллӣ, гароншавии бардавоми нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва дохилӣ, кам шудани интиқоли маблағи муҳоҷирон, соли 2023 иқтисоди кишварро чолишҳои зиёде интизор хоҳад буд. Барои идораи иқтисоди миллӣ дар ин марҳилаи ҳассоси буҳронӣ кишвар зарурат ба мутахассисони донишманду дурандеше дорад. Вале оё чунин шахсиятҳо дар кишвар соҳиби қарор ҳастанд?

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Блоги шумо

Блоги шумо

Тавваҷӯҳи густарда ба зиндониён ва зодагони ОМ. Оё басиҷи нав ба артиши Русия дар пеш аст?

Таваллуди навзоде зери оворҳо дар Сурия

Блоги шумо

ТОШКЕНТ. БАРОИ РУШДИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ШАРОИТ ФАРОҲАМ АСТ

Блоги шумо

Абдуқодири Рустам: "ГОҲО ДУРУСТ НЕСТ. АСЛО ВА ДОИМО ҲАМ"