22.9 C
Dushanbe

Ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт

Муборизе гуфтааст, ки “Ҳақ дода намешавад, балки он ситонида мешавад”. Яъне ҳақиқатро талаб бикун ва лозим шавад, “аз даҳони шер ҳақатро бигир”.

Ҳаргоҳе калимаи зебои ҳақ ё ҳуқуқ шунида ё хонда шавад, дар зеҳни инсон адолат ва дурусткорӣ, ҳақиқат ва осоиштагӣ чарх мезанад. Ман ҳам аз ин ибораи воло илҳом гирифта, хостам чанд сатре болои варақ биёварам, то саҳме дар ҷодаи ҳақталабӣ дошта бошам ва каме ҳам бошад ба ҳамватани азиз, иззатманду ҳақпараст буданашро хотирасон намоям.

Чун ҳар қаламбадаст рӯй ба шабакаи ҷаҳонии ҷустуҷӯии “Гугл” овардаму хостам дар мавриди ҳақ ва ҳуқуқ матлабе пайдо намоям. Ҳангоме ки бо забони тоҷикӣ ва ҳуруфи кирилӣ ҷустуҷӯ кардам, дар ин мавзӯъ ба мақсаде нарасидам, локин бо иваз кардани ҳарфҳои кирилӣ ба алифбои ниёгон матлабҳои бешумор дар саҳифаҳои интернет рӯи экран намоён гардид. Ногуфта намонад, ки дар мавзӯи ҳуқуқ бо забони тоҷикӣ (кирили) ҳамон кодексҳое намоён мешавад, ки мутаасифона дар зиндон кардани ҳақталабон истифода мегардад.

Ин  далолат ба он менамояд, ки аз замони пой гузоштани соҳибони ин “алфавит” ба сарзаминҳои мо то ба имрӯз, ки ворисон, аниқтараш ҳалқабаргӯшон ва дастнишинони онҳо ҳукумат мекунанд, ягон ҳақнавису ҳақталаб ҳаёти осоиштаро надидааст. Илова бар ин, ҳукумати оилавии Раҳмонуф бо мансабдорони чоплусаш бо “Ҳақ”ва ҳақиқат ҷанги беамон эълон намуда, ин калимаҳоро муродифи “террор” ва “хиёнат” қарор додааст. Ба гуфтаи Ибни Сино, сухани ҳақро инсони беақл ба маънои акс мефаҳмад: “Ба назди ҷоҳил-ботил, ба пеши доно- ҳай.”

Бо ин услубашон ҳар нафари озодандешу ватандӯстро ба осонӣ бо модаҳои “ҳуқуқи-кирилӣ” ба ҷинояткор табдил дода, молу мулкашро ба буҷаи “оила” зам менамоянд ва ҳақиқатхоҳро мекушанд ё ба зиндон равон менамояд, то садояш шунида нашаваду ба дигарон таъсири “манфӣ” нарасонад.

Муборизе гуфтааст, ки “Ҳақ дода намешавад, балки он ситонида мешавад”. Яъне ҳақиқатро талаб бикун ва лозим шавад, “аз даҳони шер ҳақатро бигир”. Аз рӯи мантиқ гирем, ин сухан ба олами ҳайвонҳо рост меояд, чунки ҳайвон фақат гирифтанро медонад ва бахшиданро намефаҳмад. Инсонҳо бояд худашон мувофиқи фитрати худододӣ нисбати якдигар бораҳм бошанд ва ҳаққи яқдигарро адо намуда, ба ҳуқуқи ҳамдигар эҳтиром қоил бошанд. Чуноне дар боло зикр шуд, ин хусусиятҳо хосси оқилон аст ва барои ҷоҳилон маъное надорад, барои онҳо услуби ҷангал ошност ва дигар намуд муомиларо қабул надоранд.

Мутаасифона, Раҳмонуф дар сӣ соли ҳукуматаш аниқтараш дари си соли ғоратгариаш дар давлати “демократӣ –ҳуқуқбунёд” ягон ҳаққу ҳуқуқеро эътироф намекунад ва карданӣ ҳам нест. Аз итоаткории шаҳрвандон он қадар мағрур шудааст, ки гоҳ- гоҳ худашро дар макони Худо (ҳошо) ҳис намуда, ба  амрҳои осмонӣ дахолат менамояд. Худатон шоҳид ҳастед, ки “пешво” дар паёмҳояш, намозгузорро – фанат, ҳоҷиёнро-худнамо, сатрпӯшонро-ҷоҳил мегӯяд ва рӯзадоронро ба рӯзахӯрӣ амр намуда, ба  амрҳои илоҳӣ зид буданашро ошкоро баён мекунад.

Қобили зикр аст, ки Худованд дар сураи Ҳуд, ояти 6, ба ин маъно “Ва ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар он ки Аллоҳ (аз рӯи лутфаш) ризқашро кафолат додааст…”, дар сури Рум, ояти 47, ба ин маъно мефармояд: “Ва наҷоту нусрат додани муъминон ҳаққест, ки Мо онро бар Хеш ҳатмӣ гардонидаем”. Чуноне аз оятҳои боло маълум мегардад, Худованд ба ҳар ҷондоре, ки ба сӯи ризқаш ҳаракат мекунад, кафолати ризқ ва ба ҳар муъмине, ки барои талаб ва ҷорӣ кардани ҳаққу ҳақиқат кӯшишу мубориза мебарад, кафолати пирузӣ додааст. Ба қавли гузаштагонамон, аз банда ҳаракат, аз Худо баракат. Муҳим он ки ҳаракат оқилона, ҷасурона ва дастаҷамъона бошад.

Мебинем, ки Худованд ҳам дар ивази ҳаракати банда бо лутфаш ҳам ризқ ва ҳам нусратро ба бандагон кафолат медиҳад, локин Раҳмонуф мардумро зулм намуда, дар ҳар паёмаш аз ҷангу гуруснагӣ метарсонад ва маҷбур ба шукр ва захираи дусолаи хӯрока менамояд ва худашро назди шаҳрванде вазифадор  намедонад, чунки шаҳрванд хобу хомӯш аст ва талабе надорад.

Агар “пешвои чоплусон” фаросат медошт, пеш аз хондани паём як маротиба фикр мекард, ки мардуми бечора аз куҷо захираи дусола дорад, агар дошта бошад ҳам ин миқдор хӯрокаро дар чӣ гуна анбор захира мекунад. Чуноне дар урфият мегӯянд, “ҳар нафар дар доираи ақлаш фикрронӣ мекунад”. Ин тоифае, ки аз фаҳми дуруст маҳруманд, бо таъбири худашон “номард бошу зиндабош” гуфта, номардона ҳукму ҳукумат меронанд.

Дар ҳаёти башарият ҳуқуқ ва уҳдадариҳои зиёде гузошта шудааст ва яке аз уҳдадориҳое, ки барои танзими дурусти зиндагии башарӣ мусоидат мекунад, ин уҳдадории байни ҳокимон ва мардумон ба ҳисоб меравад. Бузурге фармудааст “Осоиши ҳукуматдор (роҳбар) ба осоиши мардум ва осоиш мардум ба осоиши ҳукуматдор (роҳбар) вобастагӣ дорад”.

Роҳбар вазифадор аст, ки мардумашро бо ҷои кор таъмин намояд ва амнияташро дар дохилу хориҷ аз ватан кафолат дода, манзилу ватани шаҳрвандонро ҳимоя намояд ва дар пешравии иқтисодӣ ва сиёсии мамкалат саҳми намоён дошта бошад. Дар сурати иҷро кардани роҳбар ба уҳдадориҳои зикршуда, шаҳрванд ҳам вазифадор аст, ки аз чунин роҳбар итоат намояд ва дар рушди ватан саҳми худро гузорад. Ҳамаи ин уҳдадориҳо дар Қонуни асосӣ дарҷ гардидааст ва қонунҳои Тоҷикистон низ аз дигар давлатҳои пешрафта фарқе надорад, локин сирри асосӣ дар он аст, ки дар Аврупо риояи қонун барои ҳама, дар Ватани мо бошад қонун фақат барои мардуми бечора ҳатмӣ мебошад.

Суоле инҷо матраҳ мешавад, ки роҳбаре ба уҳдадориҳояш содиқ набошад ва порчае аз Ватанро ба  як хоҷаи хориҷиаш ҳадя ва порчаи дигарашро ба хоҷаи дигараш ба чанд дирам ба иҷора диҳад, сарҳаду сарҳадбононро қурбони молу колои ширкатҳои оилааш гардонад, олимону  бошарафонро  зиндонӣ намояд, муаллимону донишҷуёнро ба чоплусӣ маҷбур созад, ҷавононро аз хонаву кӯча дуздида, пулдорашро ба волидонашон фурӯшаду маъюбу бенавояшро ба хизмати офитсерон супорад, занону модаронро кӯчарӯбу пешхизмат ва мардонро муҳоҷиру беватан гардонад….. Оё ҳаққи ҳалоли шаҳрванд нест, ки гӯяд, “БАС АСТ! Бирав, то нафаре биёяд ва барои Ватану миллаташ хизмат намояд”.

Ҳамватани гиромӣ, бояд дарк кунем, ки  бо дароз шудани умри ҳукумати оилавӣ ҳам Ватан ва ҳам ватандор дар хатар қарор доранд. Бинобар ин, ҳаққи худро талаб бояд кард, то ин ки фарзандони мо дар ватани ободу озод, осоишта зиндагӣ намуда, шарафмандона ба воя бирасанд ва дар ҳар гӯшаи ҷаҳон ва дар ҳама соҳаҳо парчамбардори Тоҷикистони азиз бошанд.

Дар охир сухани бузургеро меорем, то ин ки умедамон ба ояндаи дурахшони Ватан ва ҷасоратамон дар тағйири ноадолатиҳои Миҳан зиёдтар гардад. “Ноҳақ дар майдони ғолибияташ давре мезанад ва аз байн меравад, аммо пирӯзии воқеӣ агарчи дертар ҳам бошад, насиби ҳақ мегардад”.

Бо умеди ободӣ ва озодии Ватан !

Сорбон Азимӣ, махсус барои Аздо тв

Аз идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.