Ҳалокати беш аз 20 нафар бар асари зилзила дар Афғонистон
Расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки баъд аз зуҳри рӯзи 17-уми январ пайҳам ду зилзила, яке соати 14 ва дигаре соати 16:10 ба вақти маҳаллӣ вилоятҳои Ҳироту Боғдиси Афғонистонро такон дод. Акс: Интернет Бар асари ин заминларза дар вилояти Боғдис 22 нафар ҷон бохта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд. Зилзиласанҷон шиддатнокии онро 5,6 дараҷаи рехтерӣ […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки баъд аз зуҳри рӯзи 17-уми январ пайҳам ду зилзила, яке соати 14 ва дигаре соати 16:10 ба вақти маҳаллӣ вилоятҳои Ҳироту Боғдиси Афғонистонро такон дод.
Акс: Интернет
Бар асари ин заминларза дар вилояти Боғдис 22 нафар ҷон бохта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд. Зилзиласанҷон шиддатнокии онро 5,6 дараҷаи рехтерӣ ва дар умқи 18-километрии замин арзёбӣ кардаанд.
Расонаҳо мегӯянд, хонаҳои зиёде бар асари ин заминларза вайрону валангор шудааст. Аммо то ҳол на аз ҷониби Толибон ва на аз ниҳодҳои кумакрасони байналмилалӣ хисороти ба вуҷудомада пурра ҳисоб нашудааст.
Қаблан гуфта мешуд, ки бар асари ин зилзилаи шадид 12 нафар ҷони худро аз даст додааст ва эҳтимоли бештар шудани сафи ҳалок шудагон вуҷуд дорад.
Вилояти Боғдис дар ғарби Афғонистон ҷойгир буда, бо Туркманистон ҳаммарз аст.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.