33.9 C
Dushanbe

Ҳалокати беш аз 20 нафар бар асари зилзила дар Афғонистон

Расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки баъд аз зуҳри рӯзи 17-уми январ пайҳам ду зилзила, яке соати 14 ва дигаре соати 16:10 ба вақти маҳаллӣ вилоятҳои Ҳироту Боғдиси Афғонистонро такон дод.

Бар асари ин заминларза дар вилояти Боғдис 22 нафар ҷон бохта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд. Зилзиласанҷон шиддатнокии онро 5,6 дараҷаи рехтерӣ ва дар умқи 18-километрии замин арзёбӣ кардаанд.

Расонаҳо мегӯянд, хонаҳои зиёде бар асари ин заминларза вайрону валангор шудааст. Аммо то ҳол на аз ҷониби Толибон ва на аз ниҳодҳои кумакрасони байналмилалӣ хисороти ба вуҷудомада пурра ҳисоб нашудааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки бар асари ин зилзилаи шадид 12 нафар ҷони худро аз даст додааст ва эҳтимоли бештар шудани сафи ҳалок шудагон вуҷуд дорад.

Вилояти Боғдис дар ғарби Афғонистон ҷойгир буда, бо Туркманистон ҳаммарз аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.