6.9 C
Dushanbe

Ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия

Як шаҳрванди 40 солаи Тоҷикистон санаи 23 октябри соли равон дар шаҳраки Металлострой дар канори шаҳри Санкт-Петербург ҳангоми кор дар ҳудуди корхонаи “Ростеплострой” зери ғарами таҷҳизоти оҳану бетон монда, дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст.

Матбуоти Русия аз қавли пулиси ин шаҳр навиштаанд, ки дар бораи ҳалокати шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон сардори коргоҳи ширкати “Ростеплострой” соати 11:54 ба пулис хабар додааст.

Бино ба гуфтаи сардори корхона, ҳангоми ҷамъоварии партовҳо ногаҳон таҷҳизоти оҳану бетон ба болои сари ин коргар чаппа шудааст.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон соли 2019 барои кор ба Петербург рафта, пас аз интишори каронавирус ва эълони қарантинаии сартосарӣ дар онҷо дармондааст.

Дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад, – гуфтаанд аз идораи пулиси шаҳраки Металлострой.

То ҳол дар бораи ному насаби ин муҳоҷири ҳалокгашта ва аз кадом минтақаи Тоҷикисон буданаш маълумоти пурра дастраси мо нагардидааст.

Ба иттилои ғайрирасмӣ зиёда аз ду миллион нафар шаҳвардони Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд, ки ҳамсола садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар ба ҳалокат мерасанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷойивазкунии навбатии мақомдорон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар чанде аз сафоратхонаҳои кишвар дар хориҷ ва як вазорат тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро анҷом дод.

Пулиси Душанбе дар 15 мактаб корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронд

Пас аз муноқишаи гурӯҳии ноболиғон, ки ян наврас кушта ва як каси дига захмӣ шуд, мақомоти пулиси пойтахт чораҳои зиддиҷиноятиро роҳандозӣ карданд.

Ин мушкили барқ кай ҳал мешавад? Шикояти сокинон аз бебарқӣ

Баъзе сокинон аз вилояти Суғд ва Хатлон аз он шикоят доранд, ки аз ҳоло барқ надоранд ва дар як шабонарӯз тақрибан аз 2 то 4 соат барқ дода мешавад.

Дар Тоҷикистон “WhatsApp” ва “Telegram” маҳдуд мешаванд?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъолияти як паёмрасони нави миллӣ бо номи "ОРИЗ" хабар дод.