24.9 C
Dushanbe

Ҳамдардии Сироҷиддин Муҳриддин ба хонаводаи ҳамтои Беларусиаш

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба хонавода ва пайвандони собиқ Вазири корҳои хориҷии Беларус изҳори ҳамдардӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз 28-уми ноябри соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба мақарри сафорати Беларус дар шаҳри Душанбе рафта, изҳори тасалият кард.

Ба қавли манбаъ, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робитаи марги Владимир Владимирович Макей, ҳамтои Беларусиаш ба сафорати он кашвар дар шаҳри Душанбе рафта, ҳамдардӣ кард ва дар Китоби тасаллияти бозшуда сабте гузошт, ки дар он, аз ҷумла чунин навиштааст:

“Аз номи кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба тамоми кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Беларус дар робита ба даргузашти нобаҳангоми вазири корҳои хориҷӣ Владимир Владимирович Макей ҳамдардии самимона изҳор менамоям…” Ва дар охири ин сабт чунин омадааст: Бо ғаму андуҳи хешон ва наздикони Владимир Владимирович ҳамроҳ ҳастам. Рӯҳат шод бод, дӯсти азиз…”

Гуфта мешавад, Владимир Владимирович Макей, собиқ Вазири корҳои хориҷи Беларус, шанбе 26-уми ноябри соли ҷорӣ ба сурати нобаҳангом вафот кард ва мақомоти он кишвар дар бораи иллатҳо ва ё сабабҳои марги вай тафсилоте ироа накардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.