13.9 C
Dushanbe

Ҳамсоягон давлати миллӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати коғазӣ месозад

Аслан тайи солҳои фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон беҳбуди чашмгире ба назар нарасидааст. Коре, ки якҷониба ва бевосита аз ҷониби ҳукумат, бидуни талоши мардум ё бо иштироки ҷомеа, амалӣ шуда бошад, шояд нодир бошад.

Ва имсол ҳам ба қатори солҳои пешин бе ҳеч дигаргунии ҷиддие паси сар шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба он чи ки раванди таҳаввули ҷаҳонӣ бар сари ҷомеаи Тоҷикистон дигаргуниеро таҳмил менамояду он қадаме ба пеш мегузорад, наметавон гуфт, ки ҷомеаи кишвар ба дигаргунӣ, пешрафт, тағйир рӯ ба рӯ намешавад, аммо тавре ки гуфтем, дар саргаҳи ин гуна таҳаввул ҳукумат қарор надорад. Бинобар ин дар маҷмуъ рабт додани ин ҳама ба ҳукумат ва миннатдор шудан аз он иштибоҳ аст.

Ҳукумати Тоҷикистон шояд ягона ҳукумат дар ҷаҳон бошад, ки ҳамеша аз рушди иқтисоди кишвар мегӯяд, аммо ин рушдро касе дар амал намебинад, ба ҷуз чанд рақам. Масалан, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 67,1 миллиард сомонӣ (5,9 миллиард доллар) расидааст.

Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 55,6 миллиард сомонӣ (4,9 миллиард доллар) буд. Аммо ҳамеша мизони содирот дар қиболи воридот ба поин аст ва бекорӣ рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Тайи 9 моҳи соли равон содироти фаровардаҳои Тоҷикистон 813,3 миллион доллар, вале воридоташ 2,2 маротиба бештар – 1,8 миллиардро ташкил додааст[2]. Аз ин рӯст, ки ҳамеша кишвари Тоҷикистон бо мушкили арзи хориҷӣ рӯ ба рӯст ва наметавонад талаботи ҷомеа ба арзи хориҷиро таъмин кунад.

Чанд сол қабл ба иддаои он ки саррофиҳо мунҷар ба таварруми пули миллӣ мешаванд, баста шуданд. Ин кори саррофиҳоро ҳоло расман бонкҳо анҷом медиҳанд, аммо амалан нуқоти мубодилаи асъор аз байн нарафтанд, балки фаъолияти ғайриқонуниро оғоз карданд, ки иштибоҳи блоки иқтисодии ҳукуматро ба чанд далел ба намоиш гузоштанд. Далели аввал ин аст, то ҳол наметавон аз бонкҳо арзи хориҷӣ дарёфт кард. Он ҷо гоҳе қарзи хориҷии кофӣ нест, аммо агар гоҳе бошад ҳам чанд дарсад гаронтар аз арзиши эълоннамудаи Бонки миллист.

Зимнан фаъолияти ғайриқонунии саррофон идома дорад, ки онҳо пулеро, ки дар зимни фаъолияти қонунӣ ба хазинаи давлат ба унвони молиёт месупурданд, ришва медиҳанду фаъолияти қонунишонро идома ва аз он ҳич суде ба буҷаи кишвар намерасад. Албатта, чунин як рӯйкард ва ҳамчунин пинҳонӣ сурат гирифтани соҳибкорӣ, напардохтани молиёт ба низомӣ пардохти маоши кормандони давлатӣ таъсири мустақим дорад. Барои мисол, омӯзгорони ноҳияи Панҷ ҳамеша маошашонро бо таъхир мегиранд ва низоми электронӣ барои онҳо ба ҷои барҳам задани ришва, дари дигареро барои ришвадиҳӣ боз кардааст. Масалан, вақте пул ба ҳисоби онҳо мегузарад, бинобар кам будани худпардоз (АТМ)-ҳо ё пул надоштани онҳо омӯзгорон маҷбуранд, ин пулро аз бонк бигиранд, ки бонк ҳам ҳамеша пул надорад ва бинобар ин онҳо маҷбур мешаванд, ришва (маъмулан даҳ сомонӣ) диҳанд, то пештар аз дигарон маошашонро дарёфт кунанд.

Дар дигар кишварҳо низоми электронӣ бардошту пардохт дорад. Яъне нафар метавонад дар зимни харидории чизе аз корт истифода кунад, на танҳо аз пули нақд. Аммо ин кор дар навоҳии Тоҷикистон ҳанӯз роҳандозӣ нашудааст. Роҳандозии он дар Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба суръату нархи Интернет барои Душанбе хеле гарон хоҳад буд.

Баҳори соли гузашта, дар авҷи хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон ҳангомаи афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон “маҳшар” барпо кард. Дар он замон нархи як халтаи 50-килоии орд то 190 сомонӣ мерасид [3]. “Ин дар ҳолест… сокинон мегуфтанд, як халтаи ордро бо қимати аз 240 сомонӣ боло ва ба душворӣ дастрас менамуданд”, – навиштааст торнамои радиои “Озодӣ”. ВКД-и Тоҷикистон инро ҳангома хонд ва эълом кард, ки пайи дарёфти ҳангомагарон аст.

Аммо ин ҳангома набуд, балки офтобе буд, ки намешуд онро ба доман пӯшонд. Имрӯз, бо гузашти беш аз як сол халтаи панҷоҳкилоии орд беш аз оне арзиш дорад, ки ба гуфтаи ВКД ҳангома буд: дар Суғд 265 сомонӣ[5], дар дигар манотиқи кишвар арзиши он ба 280-300 сомонӣ[6] расидааст. Ожонси зиддиинҳосории Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар моҳи октябр гуфта буд, ки нархи шакар дар Федератсияи Русия 16,6 дарсад бо рубли русӣ ва 13,6 дарсад бо доллари ИМА афзоиш ёфтааст. Аз рӯйи таҳлилҳо, арзиши як тонна равғани растанӣ низ дар ин давра аз 795 доллар ба 887 доллари ИМА расидааст. Айни замон нархи як килограмм шакаре, ки аз Федератсияи Русия ворид мешавад, бо ҳисоби қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА, ба 7,32 сомонӣ баробар аст. Аз рӯйи қурби бозори сиёҳ (як доллар баробари 11,50 сомонӣ) бошад, 7,41 сомониро ташкил медиҳад. Як килограмм шакаре, ки аз Белорус ворид мешавад, бинобар хубтар будани сифаташ ба 9 сомонӣ баробар аст. Дар робита ба афзоиши нархи орд Вазорати кишоварзиии Тоҷикистон эълон кард, ки “камбориш омадани сол ва кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон” сабаби афзоиши нарх шуда.

Суоле ба вуҷуд меояд, ки Тоҷикистон ҷузъи Қазоқистон, Русия ё Беларус аст? На, албатта! Пас чаро вақте сухан дар бораи гарон шудани нарх меравад, аз ин кишварҳо ном бурда мешавад? Шумо, мансабдорони масъул чӣ кор мекунед пас? Зеро Тоҷикистон, як кишвари аграрӣ аст ва тайи 30 соли истиқлол натавонистааст худро бо маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус гардум таъмин кунад! Гузашта аз ин соли 2019 Ҳукумати Тоҷикистон аз қабули Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030-ро эълон кард. Муҳимтарин буъди ин барнома ин аст, ки то соли 2030 кишвар бояд саноатӣ шавад. Аммо кишвари аграрие, ки дар тӯли 30 сол натавонист дар таҳияи гандум барои ҷомеаи худ худкифо шавад, чӣ гуна саноатӣ мешавад?

54,7 дарсади ин стратегия саҳми бахши хусусӣ аст. Худо зад! Қабули ин гуна стратегия боис шуд, ки мардум на танҳо муваззаф “хайри маҷбурӣ” шаванду ба ивази рафтан ба ҳаҷ пул бисозанд, балки бояд андози соҳибкоронро бидиҳанд! Рӯзе дар суҳбат бо радиои “Тоҷикистон” мардуми яке аз навоҳии кишвар мегуфтанд, ки мудири маориф шарт гузоштааст, аз тариқи ӯ барои духтарон либоси мактабӣ харидорӣ кунанд, вагарна 15 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Ин амали худро мудир дар суҳбат бо ин радио “дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ унвон” кард. Бале, вақте филолог дар узви тими блоги иқтисодӣ мешавад, ҷои гила нест. Ё вақте беш аз нисфи барномаи 15-сола ба дӯши бахши хусусии хароб вогузор мешавад, дигар чора чист? Бояд фарди зери синни 18 ҳам барои кумаки соҳибкор пул медодааст. Аҷаб мантиқе!

Ҳадаф аз ин мисол он аст, ки ин стратегия калтаки ҷабре барои сокинон шуда ва мақомот ба ҳар роҳе аз мардум “мекананд”-у барои “пешво” “лентаи рамзӣ” ва қайчӣ мехаранд, то ба “дастуру супоришҳои Пешвои миллат” ҳаққи ҳамбистарӣ ба занони ҳалоли худро пайдо кунанд.

Аз тарафи дигар ин масоил ба истиқлоли кишвар бармехӯранд, ки имсол аз сисолагии он таҷлил шуд. Бале, имсол аз сисолагии истиқлоле таҷлил шуд, ки ҳич буъди он таъмин нашудааст. Мисол мехоҳед? Меорем.

Ҳанӯз моҳи июни соли ҷорӣ Ёдгор Файзов, раиси собиқи ВМКБ гуфта буд, ки дар ҳоли зарурат ҷониби Тоҷикистон омодааст, аз 10 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ пазироӣ кунад. Бояд гуфт, ӯ ба унвони ягона мақоме аз ҳукумати феълӣ зоҳир шуд, ки дар ивази паноҳдиҳии тоҷикон дар солҳои 1992-1997 дар Афғонистон омода буд, ин қарзи инсониро дар назди ҳамтаборони ҳамсоя иҷро кунад. Аммо пас аз суқути давлати Кобул ба дасти “Толибон” Русия ба далели ин ки қабули паноҳандаҳо барои ин кишвар ва Осиёи Марказӣ хатар дорад, Тоҷикистонро нагузошт, то дар ин маврид иқдом кунад.

Шояд назари Путин дуруст ҳам бошад, зеро Ҳукумати Тоҷикистон ҳич гоҳе натавонистааст аз уҳдаи батараф кардани мушкилоти умдаи кишвар барояд, бинобар ин назди хоҷаҳояш муттаҳам аст ва истиқлолро танҳо рақсу суруд мепиндорад. Ба ибораи дигар ин “пешво”-и мо фаротар аз ришу мӯйлаб, ҳиҷобу каблук, галстуку танзими дастархон фикр карда наметавонад, барои ҳамин дар камтарин мушкилот дари Путинро мекӯбад, ки албатта, ин ҳама ҳидоятҳо дар ивази қурбони истиқлолу иззати мардуми тоҷик сурат мегирад.

Ба ҳамин тартиб метавон гуфт, ин ҳукумат бо пешвояш дар ҳич соле ҳич дастоварду тағйире ба ҷуз дурӯғу саркӯб надоштааст. Ин дурӯғҳо, албатта, ҳамасола тайи як паёме ироа мешаванд, ки имсол ҳам аз ин қарор хоҳад буд. Бинобар ин ҳама миллатҳои огоҳ давлатҳои миллӣ месозанду мо ҳукуматӣ коғазӣ.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.