13.9 C
Dushanbe

ҲДТ: Даъвои Ҷабборов ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон аст

Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши як изҳороте ба гуфтаҳои ахири Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов вокуниш намуда, онро маҳкум кард.

Дар изҳороти Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки шоми 26-уми октябр дар саҳифаи фейсбукии раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода нашр шуд, омада, ки амалкарди давлати Қирғизистон мутобиқ ба меъёрҳои равобити байналмилал фишор ба давлати дигар дониста мешавад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон изҳороти Ҷабборов дар мавриди ба қаламрави Қирғизистон ворид кардани ноҳияи Мурғобро ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон хондааст.

“Содир Ҷабборов дар “амалиёти ватандӯстонаи худ” чуқуртар даромада, бо поймол кардани ҳусни нияти ҳамсоягии нек, бозпас гирифтани ноҳияи Мурғобро, ки гӯё ба Қирғизистон тааллуқ дорад, изҳор мекунад. Дар баҳсҳои пешин таърихнигорон ба ин масъала посух додаанд ва дубора пеш гузоштани он буғзи иғвои бузургро дорад. Аз нигоҳи сиёсӣ, ин даъво ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон аст.”, – омадааст дар изҳороти ҲДТ.

Ҳамзамон ишора шуда, ки вақтҳои ахир кишвари Қирғизистон сафи нерӯҳои низомияшро дар марз бо Тоҷикистон афзоиш дода, ба артиш имтиёзҳои хосса додааст. Инчунин аз Имороти Муттаҳадиаи арабӣ ва Туркия аслиҳа ва муҳиммоти ҷангӣ харидорӣ мекунад, ки бештари онҳо ба марзбонон бахшида мешавад.

Ҳизби демократ сиёсати имрӯзаи президенти Қирғизистонро барои ҳарду давлат ва минтақа “хеле хатарнок” хонда, таъкид мекунад, ки роҳбарони кишвари ҳамсоя ҳар рӯз сатҳи таҳдиду фишор ва таъсиррасонӣ ба андешаи мардумашонро дар қиболи Тоҷикистон болотар мебардоранд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23-уми октябр Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар ҳузури хабарнигорон ба масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ишора намуда изҳор дошт, ки Тоҷикистон агар мехоҳад 21 ҳазор гектарро аз ноҳияи Лайлак бозпас бигирад, пас бояд ноҳияи Мурғобро ба мо бидиҳад.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон ба изҳороти Ҷабборов расман вокуниш накардаанд. Изҳороти ҲДТ аввалин вокунишест, ки аз байни аҳзоб ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон садо медиҳад. Аммо дигар аҳзобе, ки ҳоло дар Тоҷикистон расман фаъолият доранд, вокунише накардаанд ва то ҳол ҳам боре дар чунин масоил изҳороти онҳо шунида нашудааст.

________________

МАТНИ КОМИЛИ ИЗҲОРОТИ ҲДТ:

ИЗҲОРОТИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН

Изҳороти Содир Ҷабборов – раиси ҷумҳури Қирғизистон, ки рӯзи 23-юми октябри соли равон дар пайи натиҷагирӣ аз як соли раҳбариаш ба ин кишвар дар як нишасти хабарӣ садо дод, нигаронии ҷомеи тоҷикро ба бор овардааст. Ҷабборов бо баёни ин ки “омода аст «худи ҳамин рӯз» созишномаи марзиро имзо кунад, вале на ҳама чӣ аз Бишкек вобаста аст”, масъалаҳои вобаста ба марзи миёни кишвараш бо Тоҷикистонро тарзе пешниҳод кардааст, ки гӯё тарафи Тоҷикистон мушкили асосии ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад. Раиси ҷумҳури Қирғизстон дар бораи ҳамлаҳои марзбононаш ба қаламрави Тоҷикистон, сангборон кардани донишомӯзон ва шаҳрвандони тоҷик, якҷониба бастани роҳҳои марзӣ ва рафтуомади воситаҳои нақлияи заминиву ҳавоӣ бо Тоҷикистон, ҳуҷумҳои беохири марзбонону шаҳрвандонаш ба қаламрави Тоҷикистон чизе намегӯяд. Ин амалкарди давлати Қирғизистон мутобиқ ба меъёрҳои равобити байналмилал фишор ба давлати кишвари дигар дониста мешавад. Ӯ бо ғайриқонунӣ хондани қарордодҳои миёни ҳукумати пешини Қирғизистон бо давлати Тоҷикистон, ҳамаи қитъаҳои заминҳои дар асоси шартнома барои истифодаи муваққат додашудаи Тоҷикистонро моли худ медонад.Содир Ҷабборов дар “амалиёти ватандӯстонаи худ” чуқуртар даромада,  бо поймол кардани ҳусни нияти ҳамсоягии нек, бозпас гирифтани ноҳияи Мурғобро, ки гӯё ба Қирғизистон тааллуқ дорад, изҳор мекунад. Дар баҳсҳои пешин таърихнигорон ба ин масъала посух додаанд ва дубора пеш гузоштани он буғзи иғвои бузургро дорад. Аз нигоҳи сиёсӣ, ин даъво ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон аст. Зеро аз замони таъсиси Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор ва ҷумҳурии мухтори ИҶШС ноҳияи Мурғоб дар қаламрави Тоҷикистон буд. Дар ҳоли ҳозир ҳамаи заминҳои мавриди баҳс бар асоси санадҳои расмӣ ва таърихӣ моли Тоҷикистонанд ва кишвари мо ба заминҳои он кишвар даъво намекунад.  Дар пайи ин изҳороти пурмуаммо, хабаргузориҳо аз афзоиши неруҳои мусаллаҳ ва афроди низомии ин кишвар дар назди марзи Тоҷикистон, афзудани маоши низомиёнашон, додани имтиёз ба онҳо – як моҳи хидматро ду моҳ ҳисобидан, харидории 40 адад автомашинаҳои ҷангӣ ва силоҳи снайперӣ аз Амороти Муттаҳидаи Араб (ба маблағи 3,5 млн $), ки аксаран барои низомиён ба вилояти Бодкон ирсол шуд, хабар додаанд. Хабари наве, ки пахш шуд, ин аст, ки Қирғизистон тасмим гирифтааст аз Туркия паҳподҳои «Байрактар ТВ2» ва аз Русия паҳподҳои «Орлан-10Е» бихарад. Ин намуди техникаи ҷангӣ воситаҳои ҳавогарди зарбазан ҳастанд.Хеле рӯшан аст, ки раҳбарони Қирғизистон ба мушкили ҷиддии мухолифати дохилии сиёсӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Бинобар ин бо истифода аз фишангҳои қудрат дар ин чанд соли ахир дар марзи миёни кишварашон бо Тоҷикистон мушкилоти худсохтаро ба роҳ монда, аз давлати Тоҷикистон “душман” сохтанд. Онҳо дар ин кор то ҳадде муваффақ шуда, ҷараёни мухолифати мардумиро бо роҳбарони сиёсӣ ба сӯйи “душмани сарзаминашон” – Тоҷикистон баргардонданд.   Сиёсати имрӯзаи давлати Ҷабборов барои ҳар ду давлати ҳамсоя ва мардуми минтақа хеле хатарнок аст. Роҳбарони ин кишвар ҳар рӯз сатҳи таҳдиду фишор ва таъсиррасонӣ ба андешаи мардумашонро дар қиболи Тоҷикистон болотару болотар мебардоранд. Бубинед, дар маросими супурдани ҷангафзорҳо ба неруҳои марзбонӣ Содир Ҷабборов гуфт: “Агар кӯшише барои тасарруфи заминҳои мо шавад, посух сахт хоҳад буд… Агар марзбонон бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин набошанд, дар бораи суботи кишвар сухан рондан мумкин нест”. Дар ин суханон, агарчӣ номи Тоҷикистон гирифта намешавад, вале аён аст, ки ҳамаи ин омодагӣ бар муқобили кадом давлат нигаронида шудааст. Дар аввали моҳи апрели соли равон Қирғизистон дар назди марз бо Тоҷикистон размоиши густардаи ҳарбӣ баргузор карда буд ва мехост бо ин амал ба Тоҷикистон тарс ворид кунад. Бо дарки ҳамаи ин “тараддуду ташвишҳо”-и роҳбарони Қирғизистон: омодагии низомӣ, эҷоди фазои иттилоотии душманона дар қиболи кишвари ҳамсоя, даъвоҳои беохир ва беасос ба моликияти қонунии Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки  далати ҳамсоя мехоҳад мушкилотро бо қувваи зӯр ҳал кунад. Яъне раҳбарияти Қирғизистон тавонистааст ба ҷойи мушкилоти сиёсии дохилӣ дар зеҳни мардуми кишвараш эҳсоси интиқомҷӯйиро ҷойгузин кунад. Боиси таассуф аст, ки сиёсати пешгирифтаи раҳбарияти Қирғизистони ҳамсоя боиси мухолифатҳои миллӣ шудааст ва метавонад оқибати фоҷеабор дошта бошад. Таври маълум, давлат ва миллати Тоҷикистон тарси ҳуҷуми ин кишварро надорад ва мардуми мо қодир аст ба ҳар  гуна таҳдидҳо посухи сазовор бидиҳад. Вале тарс аз даргирии ҷанг ва мухолифати миллист, ки оташи он дар пешорӯйи равишҳои тундгароёна ва бесарусомонии гурӯҳи ҷангҷӯйи Толибон хеле хатарнок хоҳад буд. Зеро Толибон  , таъзим-саломи корманди баландпояи амниятии Қирғизистонро чун таслим қабул карданд .                                                   Дар тули си соли истиқлолият ки дар Қирғизистон чандин маротиба Президентҳо иваз мешуданд ягон ҳукумати пешин дар байни миллатҳои ҳамсоя ва дусти тоҷику қирғиз чунин мушкилотҳо  эҷод накарда буданд. Бор дигар ба раиси ҷумҳур ва сиёсатмардони давлати ҳамсояи Қирғизистон пешниҳод мекунем, ки дар ин айёми хушунатбор аз иқдомҳои мухолифатбарангез даст бикашанд ва дар мавриди сиёсати ҳамзистии осоишта дар фазои ҳамосоягӣ тадбирҳои чорасози осоиштаро биандешанд. Ҷанг роҳи ҳалли мушкилот нест. Ҷанг хонахарорбии мардум ва кишварҳост.

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.