5.9 C
Dushanbe

Ҳимояти Аскар Ҳаким аз саркӯби тазоҳуротгарон дар Бадахшон

Шоири халқии Тоҷикистон аз саркӯб ва қатли мардуми осоишта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавассути нерӯҳои низомии кишвар ҳимоят кард.

23-уми майи соли 2022, адиби шинохтаи тоҷик Аскар Ҳакими 76-сола дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” саркӯби эътирозгарон ва қатли даҳҳо нафар аз шаҳрвандони кишварро тавассути кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон истиқбол кардааст.

Ба таъкиди шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, “воқеаҳое, ки рӯзҳои охир дар Хоруғу Рӯшони Бадахшон рух медиҳанд ва аксуламали давлат ба онҳо танҳо ҳамчун таъмини оромӣ, амният ва аз фишору таҳдид озод кардани мардум маънидод карда мешаванд, ки дар асл бе ҳеҷ шакку шубҳа ҳамин тавр ҳам ҳастанд.”

Ин шоири халқии Тоҷикистон дар идома илова мекунад:

“Он гурӯҳи хурде, ки танҳо барои манфиатҳои шахсиву ғаразнок ва барои мардуми Бадахшон хатарноки худ мехоҳанд дар байни мардум ва давлат рахна ворид кунанд, ҳаргиз манфиати мардуми маҳал ва давлати тоҷикро дар назар надоранд.”

Давлат бояд аз шаҳрвандони худ ҳимоят кунад ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро таъмин намояд, аммо дар робита ба тазоҳуротгарони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон, ки ба хотири талаби ҳуқуқҳои конститутсионии худ дастаҷамъона назди мақомот рафта буданд ва дар посух мавриди саркӯб ва қатли ом қарор гирифтанд, мегӯяд, онҳо харабкору нофармонанд ва гурӯҳи хурде “манфиатхоҳ ва ғаразнок” мебошанд.

Ин шоири замоне маҳбуби кишварамон мақомоти саркӯбарги ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро водор мекунад, ки зулму истидоди худро дар нисбати онҳо афзоиш дода, хитоб ба онҳо таъкид мекунад, “то кай давлат ба амалҳои зиддидавлатӣ ва нофармониву харобкории онҳо муросо мекунад, то кай мемонад, ки ин гурӯҳҳо ба мардум фишор оварда, онҳоро дар ҳаросу таҳдид қарор диҳанд.”

Эътирозоти ахир дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон, ки дар рӯзҳои 15-18-уми майи соли ҷорӣ баргузор шуда, аз ҷониби мақомоти қудратӣ ва интизомӣ ба хоку хун кашида шуданд, дар асл иштирокчиёни он се талаби асосӣ доштанд:

1. Таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои куштор ва захмӣ кардани мардуми мулки дар тазоҳуроти моҳи ноябри соли 2021 ва ба панҷаи қонун супоридани омилони он;

2. Истеъфои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

3. Озод кардани афроди ғайриқонунӣ боздошт ва рабудашудаи ин вилоят тавассути кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон.

Аммо Аскар Ҳаким, шоири халқии Тоҷикистон дар изҳороти худ тамоми ин афроди ҳақталабро, ки барои ба даст овардани ҳуқуқҳои конститутсионии худ ҷамъ шуда буданд, “манфиатхоҳ”, “ғаразнок” ва “харобкор” тавсиф карда, аз саркӯби мақомот болои сокинони Бадахшон пуштибонӣ кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия ба Тоҷикистон муаллиму китобҳои забони рус мефиристад

Русия махсус барои Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ ва дигар...

Мухолифони Толибон дар Душанбе ҷамъ омаданд

Нишасти 11-уми "Гуфтумони амниятии Ҳирот" бо меҳварияти масоили Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Поёни оташбаси муваққат дар Ғазза ва хостори тамдиди он

Имрӯз, 27-уми ноябр рӯзи охирини оташбаси 4-рӯзаи байни Исроил ва ҲАМОС аст. Эҳтимол меравад он то чанд рӯзи дигар тамдид шавад.

Таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Гурӯҳе аз ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ рӯзи 23-уми ноябр бори дигар дар Олмон барои талаби раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ карданд.