32.9 C
Dushanbe

Ҳиндустон ширкати Гуглро 162 млн. доллар ҷарима кард

Комиссияи рақобатҳои Ҳиндустон ширкати “Alphabet Inc’s Google“-ро ба сӯиистифода аз барномаҳои Андроид ва пешакӣ насб кардани бархе барномаҳо муттаҳам намуда, ба маблағи 162 миллион доллар ҷарима кард.

Бино ба иттилои расонаҳои ҳиндутсонӣ, “Комиссияи рақобатҳои Ҳиндустон ё (The Competition Commission of India {CCI}) дар Твиттер навишт, ки Google-ро барои “сӯиистифода аз мавқеи бартарӣ дар бозорҳои сершумор дар экосистемаи дастгоҳи мобилии Android” ҷарима кардааст.”

Комиссияи рақоботҳо, ки бозори истеъмолкунандагонро дар Ҳиндустон назорат мекунад, иддао дорад, ширкати Гугл, ки молики системаи Андроид аст, бархе барномаҳои худро бузургнамоӣ намуда, бидуни имкони ҳазф кардан, онҳоро аз қабл дар система ворид мекунад ва ба ин васила имконоти дигар истеҳсолкунандагони телефонҳои ҳамроҳро маҳдуд менамояд, ки ин чиз мухолифи қонун дар бораи рақобат аст.

Пеш аз ин дар соли 2017 Комиссияи Аврупо ба хотири инҳисорӣ кардани бозор онро 2.42 миллиард ва дар соли 2018 4.35 миллиард евро ҷарима карда буд. Ин шикатро дигар давлатҳо низ, аз ҷумла Тоҷикистон маҷбур карда буданд, ки ба хотири фоидаҳое, ки аз истеъмолкунандагон касб мекунад, моҳона ҳисобот ва молиёти онҳоро пардохт кунад.

Гуфта мешавад, шикати Гугл яке аз ширкатҳои ғулпайкари амрикоӣ аст, ки дар бозорои таҷҳизоти электронӣ ва фанноварии барномаҳои компутерӣ ва телефонҳои ҳамроҳ пешсаф аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.