28.9 C
Dushanbe

Ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта 18 ҳолати нави сироятёбӣ ба вируси COVID-19 сабт шудааст.

Акс аз Интернет

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар омори ахираш, ки дирӯз 25 январ нашр кард, аз 18 ҳолати нави сироятёбии шаҳрвандон ба COVID-19 хабар медиҳад.

Ҳамин тариқ Вазорати тандурустӣ дар омори расмияш шумори умумии мубталоён ба COVID-19-ро то таърихи 25-уми январ 17229 нафар ва шифоёфтагонро 16995 ва инчунин омори фавтидагон бар асари ин бемориро 124 нафар нишон додааст.

Шуруъ аз орихи моҳи ноябри соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба ин бемории ҳамагир сабт нашуда буд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то рӯзи 20-уми январи соли ҷорӣ дар маҷмуъ 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар ё 75,6 дарсади аҳолии аз 18-сола болои Тоҷикистон эм карда шудаанд. Аммо вояи дуюмро 3 миллиону 636 ҳазору 802 нафар ё 63,1% гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки то кунун дар чорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва ба баъзе кишварҳо ба Тоҷикистон ҳудуди 10 миллион воксинҳои “Pfaizer”, “Moderna”, “CoronaVac”, “AstraZeneca” ва “Sputnik V” ворид гаштааст. Гуфта мешавад, ки ин миқдор қариб ба тамоми аҳолии аз 18-сола болои кишвар барои ду воя ваксин задан кофӣ хоҳад буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.