22.9 C
Dushanbe

Хоруғ: Интизории мардум барои оғози гуфтугӯҳо байни мақомот ва эътирозгарон

Субҳи имрӯз мардум дар шаҳри Хоруғ интизор доштанд, ки мақомот барои оғози гуфтушунид бо мардум иқдом мекунанд, аммо то ҳол касе расман аз ду ҷониб барои оғози ин кор иқдом накардааст.

Субҳи имрӯз, 17-уми майи соли 2022 “Памир Дайли Нюс”, ки бештар ахбори ВМКБ-ро пайгирӣ ва пӯшиш медиҳад, хабар дод, ки ” бидуни ягон асоси қонунӣ шаҳр фалаҷ шудааст.”

Фаъолияти қариб кулли муасссаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ дар маркази маъумрии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) шаҳри Хоруғ боздошта шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, “фаъолияти мактабҳо ва дигар муассисаҳо қатъ карда шудааст. Одамон ҳаракат карда наметавонанд.” Ва “эҳтимол, мақомоти амниятӣ ба он умед мебанданд, ки мардум хаста шуда, ба хонаҳо бармегарданд.”

Мақомоти қудратӣ аз замони қатли Гулбиддин Зиёбеков дар 25-уми ноябри соли 2021 то кунун бар ин боваранд, ки метавонанд дар ин минтақа парвандаҳои ҷиноятии худро бо ҷорӣ кардани фарҳанги тарсу ҳарос ва даҳшатафканӣ байни мардум баста кунанд, аммо сокинон дар хостаҳои қонунии худ устувор буда, адолат ва татбиқи волоияти қонунро барои ҳама талаб доранд.

Гуфта мешавад, дирӯз 16-уми майи соли ҷорӣ дар ҳамлаҳои мақомот алайҳи эътирозгарон дар шаҳри Хоруғ дасти кам як нафар кушта ва 9 каси дигар аз ду тараф захмӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.