Ҳошим Гадо: соҳиби 600 ҷилд китоб дар Тоҷикистон

Коргардони шинохта ва ҳунарпешаи театру синамои Тоҷикистон Ҳошим Гадо нусхаи китоби охиринашро зери унвони “Парвози пеш аз ғуруб” аз чоп баровард.

Акс аз барномаи ведоии Пресса тҷ

Бино ба иттилои сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”-и Тоҷикистон, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои Тоҷикистон Ҳошим Гадо 600-умин ҷилди китобҳояшро бо забони русӣ ба нашр расонид.

Ба қавли манбаъ, китоби нави ҳунарпеши маъруфи кишвар Ҳошим Гадо зери унвони («Взлёт перед закатом» – «Парвози пеш аз ғуруб») “бо забони русӣ чанде пеш аз чоп баромад. Ин бор муаллиф 4 ҷилдро (597 – 600) дар як китоб ҷой додааст. Алҳол дар кишвар касе ба ин миқдор, яъне шашсад ҷилд китобро таҳияву таълифу ба нашр нарасондааст.”

Ин устоди ҳунарҳои театр ва синамои тоҷик, ки даврони пиронсолии худро пушти сар мекунад, тайи даҳ соли ахир борҳо аз шароити сахти зиндагӣ, кам будани ҳуқуқи бознишастагӣ ва қадр нашуданаш аз ҷониби мақомоти кишвар шикоят кардааст, вале бо вуҷуд ин теъдод аз асарҳои таҳияву таълифшуда ва ба нашр расидааш, “даъвои нависанда буданро ҳам надорад”.

Ҳошим Гадо дар театр зиёда аз 100 маротиба нақши Эдипро иҷро кардааст. Вай бо ифтихор мегӯяд, “дар дунё ҳеч актиёре ба ин андоза нақши қаҳрмони театри ҷаҳон Эдипро иҷро накардааст.“

Гуфта мешавад, Ҳошим Гадо коргардони шинохтаи кишвар 10-уми майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб зода шудааст. Вай дастпарвари Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) (1960) ва Курсҳои олии коргардонии ГИТИС (1965) аст.

Ҳошим Гадо собиқаи беш аз 60 соли кор дар театрро дорад. Вай аз соли 1961 инҷониб ҳунарпеша ва коргардони Театри академи-драмавии Лоҳутӣ буд. Ҳунарнамоӣ дар киноро аз соли 1963 оғоз карда ва то кунун чандин нақш, аз ҷумла нақши Суҳроб, Фердинан, Гамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ, Эдип ва дигар нақшҳоро офаридааст.”

Ҳошим Гадо дорандаи унвои “Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон” (1979), “Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС” (1988) мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.