10.9 C
Dushanbe

Худкушӣ эътироз буд ё ҷазо?

Худкушии Шерафган Хоҷақулов, корманди фурудгоҳи Душанбе ҳукуматро тарсонд.

Худкушии корманди бахши бехатарии фурудгоҳи Душанбе ифодаи эътирозу фарёди ҷонкоҳи як ҷавонмарди дар чаҳорсӯи зиндагӣ сарсону ҳайрон ва бемуттакову бепуштупаноҳмондаи тоҷик аст, ки ҳарҷое даст андохт дасташ дар ҳаво муаллақ монд, дастгире наёфт ва ноилоҷ худро кушту аз махласҳои дунё халос кард. Аммо ба назар мерасад ин эътирозу исёну норизоиятии Шерафгани 38-сола ба мардумони давру бараш камтарин таъсире надоштааст ва паёми ӯро, ки “аз ин зиндагӣ марг авлотар аст” касе нашунид.

Ингор мардум ва ҷомеаи кишвар дар хоби сахтанд, дида наметавонанд ва ё инки гирифтории бадтар аз ин ҳолатро доранд. Ҳодисаи худкушии як ҳамватан ва як ҷавонмард онҳоро намеҷунбонад ва такон намедиҳад. Паёми ӯро намехонанд ва эътирози ӯро намешунаванд. Дуруст аст, ки мавориди худкушӣ дар Тоҷикистон зиёд иттифоқ меафтад. Аммо ин мавриди ахир, ки як ҷавонмарди фаҳмидаву огоҳ, соҳиби зану фарзанд гираду худро ҳадафи тир қарор бидиҳад, бисёр ҳам ғайриодӣ аст ва саҳлу сода набояд гуморид.

Ин ҷавонмард, ки дар айни авҷу ҷӯши зиндагист ва дар ҳоли лаззат бурдан дар канори зану фарзандаш аст, барои онки натавонист онҳоро серу пур созад худро кушт. Вай бекор набуд, ҷойи кор дошт. Вале натавонист пули иҷораашро бипардозад. Фоҷеаи ин ҳодиса ҳам дар ҳаминҷо нуҳуфтааст:

бепулӣ, фақру тангдастӣ. Маҳалли кори ӯ – фурудгоҳи Душанбе маоши 9 моҳаи ӯро надод. Ӯ дигар таҳаммул ва тоқати ҳамарӯза таҳқир шудан дар назди азизонашро аз даст дод. Кордиҳанда ӯро ночор кард, балки кордиҳанда ӯро ба худкушӣ расонд.

Ин як ҷинояти калон аст. Ин навъи дигари аломати давраи ғуломдорӣ аст, ки 9 моҳ кор фармоӣ, вале музди корро напардозӣ. Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои ба ҳолати “худкушӣ оварда расонидан” моддаи махсусеро пешбинӣ кардаасту муҷозоти аз 5 то 8 соли зиндони низомаш пурзӯрро дар назар гирифтааст. Додситонии нақлиёти Тоҷикистон ҳам эълон кардааст, ки қазияи Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши бехатарии фурудгоҳро ба баррасӣ гирифтааст. Аммо ин тафтишу ин кор то ба охир бурда мешавад ва афроди муҷрим шиносоӣ ва маҳкум хоҳанд шуд, масъалаи дигар аст.

Зеро сардори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Исмат Абдуллоев мулаққаб ба Исмати дуллик баъид аст, ки дастгир ва ба маҳкама кашонида шавад. Вай аз наздикони худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ аст, ки боз ҳам барои 7 соли дигар дар курсии қудрат нишаст. Эмомалӣ Раҳмон ин бор низ аз зиндагии шоиста ва аз таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо гуфт. Гуфт, ки мардумро хидмат ва ҳимоят хоҳад кард. Вале дар ҳамин тобистони соли ҷорӣ буд, як тоҷире, ки бо Идораи молияи шаҳри Кӯлоб ҳамкорӣ дошт дар заминаи даъвои моливу пулӣ бо ин идора худро дар назди бинои он оташ зад. Аммо то ба имрӯз кадом хатту хабаре, ки омилин ва мусаббибин дастгир ва муҷозот шуда бошанд, дар ҷое интишор нашудааст.

Мешавад боз аз даҳҳо мавориди дигар, ки ба маҳзи муносибати дурушту дағали масъулин инсонҳои одӣ даст ба худкушӣ задаандро ёдовар шуд. Бар фарзи мисол дар воҳидҳои низомии Неруҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки даҳҳо наваскар кушта мешаванд. Аммо ҳоло, ки аз ин корманди шӯъбаи амнияти фурудгоҳ мегӯем, ин пурсиш матраҳ хоҳад шуд, ки тайи 9 моҳи бемаошӣ худ ва фарзанду зани худро чӣ тавр хӯронду пӯшонд? Бо чӣ азоби алиме пули барқу пули маводди ғизоӣ ба даст овард? Вақте ӯ барои хариди нон ва ё шир бо мушкил дучор шуд, чӣ фикру хиёле зеҳни ӯро машғул дошт? Ва, ниҳоятан чӣ тавр шуд, ки ҳамчунин тасмим бигирад ва худро парронида зану кӯдакашро сарсону саргардон созад?

Дар бораи ба рухсатии бемузд фиристодани кормандони фурудгоҳи Душанбе ҳанӯз тобистони имсол маълумоти зиёде ба нашр расида буд. Инки имрӯз роҳбарияти ин фурудгоҳ мегӯяд маоши Шерафганро саривақт пардохтааст, дар ҳоле, ки воқеият баракс аст, ба чӣ ҷуръате ва ба чӣ далеле мегӯяд. Гурдаи пури масъули фурудгоҳи Душанбе кист ва ба кӣ такя задааст?

Ба назари мо масъули фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба ин хотир ин гапро мегӯяд, ки аз”боло” дилаш пур аст ва ӯро барои кадом як корманд муҷозот намекунанд. Чун вай, ки аз хешу ақориб аст барои ҳамин пушт ба девори бузург гузоштааст. Вагарна чаро Прокурори генералии Тоҷикистон як раҳ напурсид, ки чаро бар хилофи қонун 9 моҳ маоши кормандони фурудгоҳ пардохт намешавад, дар ҳоле, ки метавонист баъди ду моҳи напардохтан парванда боз ва тафтишот оғоз кунад.

Ин худкушӣ дар асл реша ба сиёсати қавму таборгароӣ (непотизм)-и Раҳмон дорад, ки авзоъро то ба ин ҳад печида ва буҳронӣ мекунад. Хешу таборҳо наметавонанд худиҳоро ва хешҳоро ба ҷавобгарӣ бикашанд. Агар ин тоифа дар назди қонун ва мардум масъулият ҳис мекард ин тавр намешуд. Ӯ (манзур дилхоҳ мансабдори масъул) мебарад ба аз худ калонтар ва калонтар ба калонтари боло ва ҳамин тавр мераваду мерасад ба Пешвову Пасвову духтараш. Вагарна имкон надорад, ки беш аз ду моҳ чӣ расад ба 9 моҳ як кормандро бидуни музд кор фармоӣ.

Бо ин вуҷуд, ки саъй мекунанд, вонамуд созанд, ки чизе нашудааст, аммо дар асл ҳодисаи “худкушӣ”-и мазкур ҳукуматро сахт тарсонидааст. Чунки ҳукумат бавузӯҳ медонад, ки кайҳост осебпазир аст ва камтарин ҷарақаи эътирозӣ метавонад аланга ба вуҷуд оварад. Ҳолу ҳолати Шерафганро дар ҳоли ҳозир ҳазорҳо ҳазор аз атбои кишвар доранд ва мурда-мурда таҳаммул карда истодаанд ва мунтазири камтарин шароит барои берун кардани эътирозу норозигӣ ва даст задан ба исёну қиёманд.

Ҳукумат шароит ва авзоъи мардум ва руҳияи онро хуб медонад. Барои ҳамин ҳарчи бештар такя мекунад ба ниҳодҳои қудратӣ ва барои онҳо имтиёз қоил мешавад, ҳамчуноне, ки чанд рӯзи пеш барои онҳо истифодаи ройгони нақлиёти ҷамъиро ба ҳукми қонун даровард. Чунки қарзи идороти давлатӣ дар баробари мардум аз миллион-миллион ҳам гузаштааст ва нафароне ба мисли Шерафган Хоҷақулов дар миёни онҳо кам нест.

Аз ин ҷост, ки худкушии Шерафган-як намунаи фиғону фарёд ва ё намояндаи садҳо ҳазор фиғону фарёди ҳоло дар роҳ ҳукуматро башиддат буҳтзада карду такон дод ва дафъатан дастбакор шуд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо ташкили як Ситоди вижа аз ҳисоби тамоми ниҳодҳои марказӣ масъалаи саривақт пардохтани маош ва мушкилоти вобаста ба онро дар аввалин ҷаласа ба баррасӣ гирифт.

Дар ин ҷаласа иқрор карданд, ки масъалаи пардохти маош”ташвишовар” аст:

“Новобаста аз кӯшишҳо ва тадбирҳои андешидаи вазорат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо ҳолатҳои сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандони ташкилоти алоҳида мушоҳида карда мешавад, ки ин ташвишовар аст”.

Дар ҳукумат то худи болои боло медонанд, ки роҳбари фурудгоҳи байналмилалӣ ҳам барои ободу зебо гардонидани Душанбе даст ба сохтмони биноҳо задааст. Душанберо обод мекунанд то барои Рустами Эмомалӣ имиҷи роҳбари кордону муваффақро созанд. Аммо инки ҷони инсонҳо дар пайи бемаошиву бесарнавиштӣ дард мекунад, парво надоранд. Вале вақте ҳодисаи худкушӣ ба амал омад дигар зуд роҳи чора хоҳанд ҷуст. Чаро масъалаи пардохти маошро то ба ин ҳад ки “ташвишовар” шавад ба таъхир гузоштед? Ҳоло мунтазир хоҳем буд, ки Прокуратураи генералӣ ин ҳодисаро чӣ тавр тафтиш ва баҳо медиҳад.

Аз сӯи дигар вақте як корманди он ҳам бахши амниятӣ то ба ин ҳад афсурдаву ҷонбезор мешавад ва агар ошкоро бигӯем аз дасти гуруснагӣ даст ба худкушӣ мезанад, ҳангомаву воҳимаи татбиқи барномаи амнияти ғизоӣ, ки Раҳмон ҳамвора аз он мегӯяд, чӣ маъно хоҳад дошт.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар шохиси “Амнияти ҷаҳонии озуқаворӣ» (The Global Food Security Index), ки маҷалаи бритониёии The Economist таҳия кардааст, Тоҷикистон соли 2019 мақоми 93-юмро дар миёни 113 кишвар дар паҳлуи Лаосу Нигерия гирифта буд. Шохисеро, ки ин маҷалла муайян карда аз се ҷузъи асосӣ иборат буд:

сатҳи дастрасӣ ва талабот ба маҳсулоти хӯрокӣ; мавҷудият ва кифоягии маҳсулоти хӯрокӣ; сатҳи кайфият ва бехатарии маҳсулоти хӯрокӣ”.

Бо ин ҳол, агар ин ҳодиса, ки бояд фоҷеа унвон шавад дар кишваре дигар рух медод мардум ва ҷомеа сокиту бетафовут намеистод ва ҳатман, ки вокуниши оганда ба хашму ғазаб нишон медод ва нороҳатиашро дар шаклҳои мухталифи нофармониҳои маданӣ изҳор мекард. Ёдатон бошад  нахустин таҳаввулот дар кишварҳои арабӣ, ки баъдан “баҳори арабӣ” унвон гирифт, маҳз ангеза ва иллати молиявиву иқтисодӣ дошт.

Як нафар аз савдогарони хиёбонӣ ин ҳама шӯру шаафро роҳандозӣ кард ва раиси ҷумҳури худкомаи он Бен Алӣ баъди 20-у анд сол сарнагун карда шуд. Беҳуда нагуфтаанд, ки гушна ба шер задааст. Ҳол саволи дигар ин аст, ки худкушии Шерафган эътироз буд ва ё касеро ҷазо дод ва касе посух хоҳад дод ё хайр?

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи тоҷикон аз Кореяи Ҷанубӣ

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ дар ин чанд рӯзи ахир бархе аз муҳоҷирони тоҷикро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

Бо фармон ва қарорҳои нави Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар аз як вазифа озод ва ба вазифа дигар таъйин шуданд.

Истирдоди як фаъоли тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон

Мақомоти Лаҳистон ҳафтаи гузашта боз як фаъоли тоҷикро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Чаро ҷавонон ифротгаро мешаванд?

Маънои луғавӣ ва истилоҳии ифротгароӣ Ифротгароӣ дар луғат ба маънои аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан ва зиёдаравӣ кардан аст (фарҳанги форсии Муин, фарҳанги форсии Амид). Калимаҳои мутародиф ва ё ҳаммаъно бо ифрот иғроқ, газофа, муболиға, сахтгирӣ, ғулув ва монанди ин мебошанд.