30.9 C
Dushanbe

Ҳукми 15 соли зиндон барои бо табар задани раиси маҳалла

Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини ноҳияи Файзободро ба хотири бо табар задан ба гардану бозуи раиси маҳалла ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Додситонии кулли кишвар зимни нашри ин хабар мегӯяд, Камолов Нуридин сокини деҳаи Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳия Файзобод бо раиси маҳаллаи мазкур Давлатов Қ.С. ҷанҷол карда, “аз рӯи хусумати шахсӣ” ӯро бо табари хоҷагӣ дар қисмати пушти гардану бозуи чапаш мезанад, ки дар натиҷа раиси маҳалла ҷароҳати вазнин мебардорад ва бо кумаки саривақтии ҳамдеҳагон ба бемористон интиқол ёфта, аз марг наҷот меёбад.

Пас аз боздошти Камолов Нуриддин додситонии ноҳияи Файзобод нисбати ӯ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 104 кисми 2 банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда, пас аз тафтиши ниҳоӣ парвандаро ба Додгоҳи олии кишвар фиристоданд.

Додгоҳи олӣ 27-уми апрели соли 2022 бар асоси таҳқиқи муфаттишони додситнии ноҳияи Файзобод Камолов Нуриддинро бо моддаҳои 32 қисми 3-104 кисми 2 банди “д” КҶ Ҷумҳурии Точикистон гунаҳгор дониста, нисбати ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол бо адои ҷазои дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт ҳукм содир кард.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки Камолов кай ва дар кадом шароите ба раиси маҳалла ҳамла кардааст. Инчунин назари худи маҳкумшуда ва наздикони ӯ низ дастрас нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ

Раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масълаҳои ҳамкории дуҷонибаи худро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.

Баъд аз боздошту латтукӯби муҳоҷирон Лавров ба Тоҷикистон меравад

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо як сафари кории ду рӯза озими Тоҷикистон мешавад.

Додгоҳ эътироф кард, ки Розиқов бо шиканҷа кушта шудааст

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб эътироф карда, ки Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола,...

Дар Қирғизистон аз як кӯдето пешгирӣ шудаст

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 5-уми июн аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки ба гуфти ин ниҳод, қасди кудето кардан дар ин кишварро доштаанд.