22.9 C
Dushanbe

Ҳукми 17 соли зиндон барои зане, ки хушдоманашро кушт

Додгоҳи вилояти Хатлон 5-уми январи соли ҷорӣ сокини деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор Умеда Шариповаро бо гуноҳи “одамкушӣ” ба 17 соли зиндон маҳкум кард.

Акс аз “megatyumen.ru”

Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ки 26-уми январ ин хабарро нашр кард, хонум Умеда Шарипова 9-уми ноябри соли 2021 дар натиҷаи як муноқишаи оилавӣ “бо баҳонаи ночиз” хушдоманаш Олимова Файзигулро бо 8 зарби корд ба ҳалокат мерасонад.

Ба гуфтаи Додситонии кулли Тоҷикистон, таҳқиқоти парвандаи мазкурро додситонии ноҳияи Фархор пеш мебурд ва додгоҳи вилояти Хатлон 5-уми январ бар асоси моддаи 104 қисми 2 банди “е”-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста, ӯро 17 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо назари худи гумонбар ва дигар наздиконаш дастраси расонаҳо нест.

Радиои Озодӣ пештар бо такя ба як манбааш гуфта буд, ки Умеда Шарипова “ба тафтишот гуфтааст, ки гӯё доим хушдоманаш ӯро ғам медодааст. Ҳамин ҳолат боиси ҷангу ҷанҷол ва боиси ба қатл расонидани хушдоман ба дасти келин шудааст.”

Ҳодисаи қатли хушдоман аз ҷониби аруси хонавода дар Тоҷикистон бори аввал нест. Чанд соле пеш дар ноҳияи Шаҳритӯс ду аруси як хонавода хушдомани худро дар дохили танӯри нонпазӣ кушта буданд.

Коршиносон кушта шудани хушдоманҳо аз дасти келинҳоро ба дуруштмуомилагии баъзе аз хушдоманҳо ва хушунати зиёд рао дидан нисбати келинҳо рабт медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 8% эълон шуд

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 8-дарсадии иқтисоди кишвар дар се моҳи аввали соли 2026 хабар медиҳанд.

Падару писар дар як майдон бозӣ мекунанд?

Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду, ки дар ҳайати бошгоҳи саудии "Ал-Наср" бозӣ мекунад, мумкин аст дар мавсими оянда бо писараш дар як даста ба майдон барояд.

Амрико оташбас бо Эронро боз тамдид кард

Шоми рӯзи 21-уми апрел раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп оташбас бо Эронро тамдид кард, вале муҳлати онро муайян накард.

Amnesty International аз марги маҳбусон, шиканҷа ва саркӯб дар Тоҷикистон гуфт

Созмони ҳуқуқии Афви байнулмилал ё Amnesty International вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нигаронкунанда номидааст.