13.9 C
Dushanbe

Ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон давоми соли 2022

Мавзуи риояти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз мавзуотест, ки ҳамеша боиси нигаронии созмонҳои хориҷии марбут ба ин буъди муҳими ҳаёти инсон мешавад. Имсол ҳам, мутассифона, дар Тоҷикистон барои изҳори нигаронии созмонҳои ҳуқуқи башар дар ҷаҳон замина фароҳам шуд.

Акс аз сомонаи “rokna.net”

Озодии андеша ва саркӯби муътаризин дар Хоруғ

Имсол аввалин мавриди нақзи ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мушоҳида шуд. Чун ин ҷо, ки пас аз қатли Гулбуддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа дар моҳи ноябри соли 2021 ба эътирозҳо рӯ ба рӯ буд, фишор болои мардум идома дошт.

Дар ин зимн иддае аз устодони мактабҳо ба расонаҳои ғайриҳукуматӣ иттилоъ доданд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, то аз тариқи ТВ “Бадахшон” алайҳи муътаризин сухан гӯянд. Аз ҷумла, омӯзгорон Наргис Ҷонмирзоева ва Азиза Қарачабекова гуфтаанд: “Моро ба он ҷо даъват карданд, то ки ба яке аз омӯзгоронамон хислатнома (характеристика) бидиҳем. Вақте он ҷо омадем, кормандони шуъбаи кор бо ноболиғон Майсара Азибекова ва шахсе бо номи Шоимардонов ба фишороварӣ нисбати мо пардохта, маҷбур карданд, ки матни онҳоро назди камера бихонем”.

Метавон гуфт, аввалин садои эътирозе, ки дар заминаи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баланд шуд, аз сӯйи Дидабони Ҳуқуқи Башар буд ва ба ҳаводиси Хоруғ дар тирамоҳи соли 2021 рабт дошт. Дар ҳафтуми феврали соли 2022 ин созмон аз Тоҷикистон хост, макони боздошти Амриддин Аловатшоев, яке аз бадахшониҳои муқими Русияро, ки дар пайи тазоҳуроти мардумӣ дар Бадахшон тирамоҳи соли 2021 дар Русия бо тазоҳургарон ҳамроҳ шуд, ошкор намояд. Ҳамчунин ин созмон аз мақомоти Душанбеи расмӣ дархост кард, то “мақомоти Тоҷикистон бояд Интернет дар ВМКБ-ро бидуни таъхир барқарор намоянд. Интернет дар пайи тазҳуроти мардумӣ пас аз кушта шудани як сокини маҳаллӣ дар Хоруғ дар 25 ноябр қатъ шуда буд”.

Коршиносони ин созмони байналмилалӣ бар ин назар буданд, ки қатъи Интернет на танҳо мардуми минтақаро ба мушкил мувоҷеҳ мекунад, балки онҳоро ба хатар низ рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Амриддин Аловатшоев 11-уми январи имсол дар Белгороди Русия боздошт шуда ва сипас ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Дар ин замина Додситонии кулли Тоҷикистон дар рӯзи 2-юми феврал гуфт, ки “ӯ истирдод шуд”. Вазорати корҳои дохилӣ бошад, иддао кард, ки ӯ “бо хоҳиши худ баргашт“. Ҳудуди ду ҳафтае, ки ӯ нопадид буд, қазия сарусадобарангез шуд, аммо дар ин муддат мақомот истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро такзиб мекарданд. Дар маҷмуъ ин эътирозҳо 77 нафарро пушти панҷара бурданд.

Агарчи истирдоди Амриддин Аловатшоев ба Тоҷикистонро мақомот дар ибтидои моҳи феврал ошкор карданд, пас аз чаҳор моҳи қатъи Интернет, дар 21 марти соли 2022 дар Вилояти Мухтори Бадахшон он дубора фаъол шуд.

Дувуми эътироз дар хусуси нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон моҳи март садо дод. Расо як моҳ пас аз эътирози Дидабони Ҳуқуқи Башар, 7 марти имсол Мишел Бачелет, раиси Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз иқдомоти мақомоти Тоҷикистон дар ҷиҳати саркӯби мухолифони сиёсӣ ва эҷоди фазои тарс интиқод кард. Ӯ гуфт: “Дар Тоҷикистон саркӯби мухолифин идома дорад. Мурофиаҳои додгоҳии бештаре аз аъзои гурӯҳҳои мухолифе, ки ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд, мутобиқ ба меъёрҳои мавҷуд сурат нагирифтаанд”.

Аммо алангаи оташи эътирозҳои мардумӣ дар Хоруғ хомӯш нашуд ва моҳи май мардум боз ба манзури талаби ҳақ ба сурати осоишта ба майдон рехтанд. Дар ин зимн дар 20 май намояндаи вежаи СММ дар умури ақалиятҳои миллӣ Фернан де Варенн изҳори нигаронӣ кард, ки Тоҷикистон бояд ба табъиди марговар алайҳи помириҳо дар Бадахшонро хотима диҳад. Бо вуҷуди ин дар моҳи июн Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар эътироф кард, ки шахсан худи ӯ “амри безарар кардани афроди яроқдор” дар ин эътирозҳоро содир кардааст.

Гузашта аз ин саркӯби мухолифону дигарандешон дар кишвар идома дошт. Боздошту фишор болои чеҳраҳои маҳаллӣ ва минтақаӣ дар ВМКБ аз иқдомот ҳукумат дар робита ба саркӯби мардум қаламдод мегашт ва то ҳол боздоштҳои афрод дар пайванд ба ин масъала идома доранд. Дар ҳоле ки ин гузориш таҳия мешуд, расонаҳо дар робита ба боздошти Тоҳир Абдолбеков, раиси пешини Хадамоти коммуналии маркази Бадахшон хабар доданд. Мақомот далели боздошти ӯро “расондани ёрии молӣ ба эътирозгарон” гуфтааст.

Далели дигар дар ин хусус ба утоқи ҷаримавӣ бурдани Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонии тоҷик аст, ки бинобар баҳс бо мақомот дар робита ба нақши раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷомеа дар Рӯзи Президент маҳкум ба танбеҳ шудааст.

Маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот

Пас аз тӯлонӣ ва ҷиддӣ шудани эътирозот мақомоти Тоҷикистон расонаҳоро огаҳ карданд, ки аз пӯшиши расонаии ҳаводиси Бадахшон худдорӣ намоянд. Ҳатто мақомот баъди суҳбати хабарнигорони радиои “Озодӣ” ва “Настошее время” бо Улфатхонум Маҳмадшоева дар 17 майи имсол болои эшон ҳамла карда, телефон ва дурбини сабти онҳоро гирифтанд. Ба ин хотир Ҷейми Флай, президенти радиои “Аврупои Озод”/радиои “Озодӣ” дар номае унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, “Хабарнигорони радиои “Озодӣ” ва “Настояшее Время” ва аъзои оилаҳои онҳо мавриди ҳамла қарор гирифта, дастгоҳҳои кории онҳо мусодира шудааст (ва мақомот барои таҳқиқ ё ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҳодисаҳо ҳеч майле нишон намедиҳанд). Онҳо мавриди таҳқири Интернетӣ ва лафзӣ қарор мегиранд, барои кӯтоҳмуддат боздошт мешаванд ва бе ҳеч далиле таҳдиди боздошт мегиранд”.

Ҳамин тариқ, дастрасӣ ба иттилоот ба ҳар василае масдуд карда мешавад. Мақомот барои дарёфти иттилоот мактуб дархост мекунанд ё ошкоро мегӯянд, ки бо расонаҳои ғайриҳукуматӣ суҳбат нахоҳанд кард.

Боздошти ҳашт нафар аз блогерону рӯзноманигорон дар соли 2022 қазияро печидатар кардааст, ки ҳатто коршиносон аз гуфтани назари худ ба расонаҳо худдорӣ мекунанд. Саъдулло Қаюмзода, вакили мудофеи Далери Имомалӣ, рӯзноманигори ба 10 соли зиндон маҳкумшудаи тоҷик рӯзи 22-юми ноябр гуфта буд, “имрӯз маводи парвандаро аз Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба Додгоҳи шаҳри Душанбе мефиристанд. Ҳафтаи оянда мурофиаро таъйин мекунанд”. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, дигаре аз рӯзноманигори тоҷик, ки ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд, ҳамчунин гуфта буд, ки “додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ин ҳафта парвандаро ба Додгоҳи шаҳри Душанбе мефиристад”.

Аммо худи маҳкумшудаҳо ва пайвандону наздионашон ба ин умед буданд, Додгоҳи шаҳри Душанбе дар ҳукми онҳо тағйир ворид карда, онро камтар хоҳад кард. Аммо, мутаассифона, чанде пеш Додгоҳи Душанбе шикоятҳои ҳарду рӯзноманигорро ба назар нагирифт ва ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро бетағйир боқӣ гузошт. Акнун гуфта мешавад, ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба иҷро медарояд чун аллакай ин рӯзноманигорон ба зиндон мунтақил шудаанд.

Шикояти хабарнигорон дар робита ба дастрасӣ ба иттилоъ надоштан дар чандин маврид садо додааст. Яке ин аст, ки мақомоти масъули радаи аввал дар нишастҳои ҳузур пайдо намекунанд. Ва агар эшон ҳузур дошта бошанд ҳам, ба суолҳои муҳим посух намедиҳанд. Дар ҳамин ҳол пас аз сар задани ҳаводиси марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон радиои “Озодӣ” ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додааст. “Хабарнигорон дар Тоҷикистон мегӯянд, аз ҷониби мақомот онҳоро ташвиқ мекарданд, ки аз ҳодисаҳои марзӣ ба нафъи кишвар пуштибонӣ кунанд, вале дар иваз иттилоъ ё далеле пешниҳод намекарданд”. Аммо Раҷаби Мирзо, коршиноси умури расонаӣ бар ин назар аст, ки баъзан аз ҷониби Ҳукумат ё гурӯҳҳои наздик ба он ангушти ишора ба ҳамкасбони мо карданӣ мешаванд, ки чаро ба “ҷанги хабарӣ” намебароянд. Ин дур кардани худ аз масъулият ном дорад. Хулоса, дар Тоҷикистон шояд “коркарди иттилоъ”-ро, ки аз ҷузъҳои муҳими сиёсати ҷаҳонист, сарфаҳм нарафтаанд. Вагарна имконоти зиёде дорем…”.

Масдуд кардани торнамоҳои радиои “Озодӣ”, АЗДО ТВ, “Паём нет” ва “Бомдод”, ки ахбори алтернативиро ба мухотабон пешниҳод менамоянд, аз дигар иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷиҳати  маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоъ гуфта мешавад.

Озодиҳои динӣ

Маҳдуд кардани озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ идома дорад. Эмомалӣ Раҳмон 17-уми апрели имсол дар суҳбат бо фаъолон ва сокинони шаҳри Гулистони вилояти Суғд гуфт, ба мақомот супориш додааст, ки “аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пӯшидани либоси бегона пешгирӣ кунанд”.

Дар чунин ҳолатҳо мақомоти шаҳру ноҳияҳо “фармон аз боло аст”, – гуфта, ба сатркашии занону риштарошии мардон шуруъ мекунанд. Новобаста аз он ки занҳои сатрдору мардони ришдор чӣ эътиқоду бовар доранд ва оё ба ягон ҳизбу ҳаракат шомил ҳастанд ё не, фарқе намекунад.

Дар гузориши солонаи Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон гуфта шудааст: “Дар ҷараёни муколамаи 8-уми солонаи Амрико ва Тоҷикистон дар Вашингтон рӯзи 1-уми июл мақомоти ду кишвар роҳҳои ривоҷ додани озодиҳои мазҳабиро баррасӣ карданд. Мақомоти Амрико хостанд, маҳдудиятҳои нашри адабиёти динӣ сабук карда шавад, ба кӯдакон иҷоза диҳанд, дар маросимҳои динӣ ширкат кунанд, гурӯҳҳои ақаллиятҳои миллиро сабти ном кунанд, ба мусалмононе, ки мехоҳанд, ришу ҳиҷоб дошта бошанд, ин иҷозатро бидиҳанд. Онҳо ҳамчунин хостанд, Шамил Ҳакимов ва Рустамҷон Норов, пайравони “Шоҳидони Яҳуво” аз зиндон озод карда шаванд”.

Аммо зоҳиран аз ин пешниҳодҳо яктояш ҳам аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба инобат гирифта нашудааст.

Дар моҳи июни имсол Қонун дар бораи “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон” низ мавриди тағйиру бозбинӣ қарор гирифт, ки мутобиқи тағйироти ахир, онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин мекунанд, ҳақ надоранд, ҳазорон нафар аз пасашон намоз гузорад. Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили парлумони Тоҷикистон ва аз муаллифони ин тағйирот, рӯзи 28-уми июн гуфт: “Шахсони гунаҳкор ба ҷинояти ҷинсӣ, терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои дигари вазнин ва махсусан вазнин муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд”.

Дар идомаи ин маҳдудсозиҳо дар шаҳри Душанбе кулли дӯконҳо китобфурӯшии диниро бастанд, аммо, тибқи иттилои радиои “Озодӣ”, худи мақомот барои ин корашон ҳеч шарҳеро ироа накардаанд.

Моҳи сентябри имсол Зубайдуллоҳи Розиқ, узви Раёсати Олии ҲНИТ, ки зиндонӣ аст, танҳо ба далели ин ки аз утоқи ӯ китобҳои Қуръон ва аҳодисро пайдо карданд, ӯро барои ҷазо додан ба ҳуҷраи ҷаримавӣ бурданд ва чанд рӯзро ин пирамард он ҷо паси сар кард.

Сомонаи радиои “Озодӣ” гузориши тозаеро 17 ноябр нашр кард, ки аз идомаи баргузории рейдҳо алайҳи ҳиҷобу шеваи либоспӯшии занон ва риши мардон зери унвони “таблиғи либоси миллӣ” роҳандозӣ шуда буд.

Шиканҷа

Шиканҷа дар зиндон яке аз роҳҳои маъмули эътирофи гуноҳи боздоштшуда аст. Номаи пурсӯзу гудози Абдусаттор Пирмуҳаммазода, ки ахиран расонаӣ шуд, аз ин гувоҳӣ медиҳад. Ӯ дар номааш навиштааст: “Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам. Дар навор матни навиштаи кормандони УБОП-и ВКД ҶТ-ро дар бораи он ки гуё бо раҳбари мухолифон Муҳиддин Кабирӣ дар робитаи доимӣ будаму дар Тоҷикистон инқилобе омода мекарда бошем, зери фишори ҷисмонӣ хондам”.

Дар ҳамин ҳол оқои Пирмуҳаммадзода дар мулоқот бо пайвандонаш гуфтааст, ки ӯро барои навиштани ин нома азият кардаанд.

Дар соли ҷорӣ мақомоти тоҷик эълон карданд, ки 40 муроҷиат барои шиканҷа дар зиндон дар давоми панҷ сол дарёфт кардаанд, ки 5 муроҷиати он ба шаш моҳи соли 2022 рост меояд.

Хушунат дар оила ва қурбонии даргириҳои марзӣ

Моҳи июли имсол хабари бинобар вуҷуди хушунат дар оила тарки манзил кардани як зани 47-сола дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон расонаӣ шуд. Ин зан гуфтааст, ба далили фарзанди писар таваллуд накардан аз шавҳараш хушунат дидааст.

Гулрафтор Нозимоваи 47-сола ва сокини ноҳияи Кушониён гуфтааст, зӯроварӣ ва хушунат дар оила дили ӯ ва равони фарзандонашро шикастааст. Вай гуфтааст, 16 сол ҳамаи ҷабру ситами шавҳарро тоқат кард, бо умеде, ки рӯзе зиндагиаш тағйир мекунад, вале нашуд.

Гуфта мешавад, дар як соли ахир дар Хатлон 100 мавриди хушунату зӯроварӣ дар хонаводаҳо сабт шудааст ва аксаран занон мавриди зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ва гоҳо шаҳвонӣ қарор гирифтаанд.

Қурбоной Холова, ки корманди созмоне дар умури пешгирӣ аз хушунат алайҳи занон аст, гуфтаст: “Зӯроварии равонӣ, зӯроварии иқтисодӣ ва гоҳо шаҳвонӣ… сабаби ҷудоии оилаҳо мешавад”.

Мақомоти милиса дар шаҳри Душанбе як сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахтро бо гуноҳи лату кӯби фарзандаш ҷарима карданд. Ҷазои маъмурӣ нисбати Зикриё Одинаеви 47-сола баъд аз нашри навори лату кӯби кӯдаки хурдсолаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт.

Корбарон ӯро барои чунин рафтораш маҳкум карда, аз мақомот хостанд, ки Одинаевро ба ҷавобгарӣ кашанд. Худи ин мард дертар бо нашри як навор гуфт, “барои ин кораш аз корбарон узрхоҳӣ мекунад ва ваъда дод, ки такрор намешавад”.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 11-уми октябр хабар дод, ин мард, ки чаҳор фарзанд дорад, аз ҳамсараш ҷудо шуда, тарбияи ду кӯдаки хурдсолашро ба дӯш дорад.

Мақомот гуфтаанд, азбаски ӯ парастори ду кӯдаки ноболиғ аст, ҷазояш бо ҷарима маҳдуд шуд. Ҳодисаи мазкур мавзуи шиканҷа шудани наврасонро аз сӯйи волидон дар Тоҷикистон дубора доғ кард.

Бархе аз равоншиносон мегӯянд, наврасон бештар замоне ба хушунат дар оила дучор мешаванд, ки падару модар миёни ҳам муноқиша доранд ё аз ҳам ҷудо шудаанд. Ба таъкиди равоншиносон, зану шавҳар набояд дар ҳолати нофаҳмиҳо дар оила аз фарзандон ҳамчун василаи фишор ба якдигар истифода кунанд.

Дар як соли охир дар Тоҷикистон беш аз панҷоҳ нафар барои ҷабр ба фарзандон дастгир шуда, иддае зиндонӣ гардидаанду дигарон ҷарима пардохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон рафтори онҳоро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон ин ҳамаро пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд, аз ҷумла бекориву фақр.

Хушунати хонаводаӣ дар баъзе аз мавридҳо боиси худкушии занон, бахусус арӯсони хонавода мешаванд. Дар ин иртибот додситонии вилояти Суғд дар моҳи августи имсол дар марги як зани 27-сола хушдоман ва дигар аъзои хонаводаи шавҳари он хонумро айбдор кард.

Санъат Ғаффорова, сокини ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 29-уми июн худ ва ду кӯдаки хурдсолашро ба дарёи Сир афканда буд.

Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд дар нишасти хабариаш ба рӯзноманигорон сабаби худкушӣ кардани як зан бо ду кудакашро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба Маҳбуба Саидолимова, хушдомани ин зан ва дигар наздиконаш барои “ба худкушӣ расонидан” бо моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.

Аммо дар ҳамин ҳол Маҳбуба Саидолимова, хушдомани Санъат Ғаффорова гуфтааст, ҳашт моҳ бо келинаш гап намезад ва коре ба ӯ надошт. “Агар дар берун медиду салом медод, алейк мегирифтам. Лекин махсус омада ҳолпурсӣ намекард. Агар дар берун бошам, фарзандҳояшро оварда медод ва дар нишастгоҳ бозӣ медорондам. Ман барои худкушӣ карданаш айбдор нестам ва тамоман ба вай гап назадаам”.

Дар моҳи август кормандони пулис дар ноҳияи Рашт Султони Абдувоҳид, сокини деҳаи Хоҷаалии ин ноҳияро, ки ҳамсараш худро ба рӯди Сорбоғ партофта буд, боздошт кардаанд.

Маҳинаи Холаҳмад, ҳамсари 23-солаи ин мард рӯзи 5-уми август худро аз болои пуле ба рӯдхонаи Сорбоғ партофта буд.

“Баъди ҷанҷол хушдоманаш кӯдаки нуҳмоҳаашро бо зӯр аз дасташ мегирад. Ӯ ночор меравад ва аз телефони як ҳамсоя ба падараш занг зада мепурсад, ки ба сараш ҳамин ҳолат омад, аммо падараш бехабар аз ҷузъиёти ҷанҷол ба хотири идомаи зиндагии хонаводагии духтараш розӣ намешавад, ки ба хонаи волидайнаш баргардад. Маҳина дигар ба самти дарё меравад”, – гуфтааст як сокини деҳаи Хоҷаалии ноҳияи Рашт.

Хонаводаи шавҳараш гуфтанд, ӯ баъди талоқ гирифтан даст ба худкушӣ зад. Модари Маҳина мегӯяд, хешовандони шавҳараш ӯро азият доданд.

Якуми ноябри имсол додгоҳи ноҳияи Файзобод Бибикалон Назирова, сокини ин ноҳияро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ӯро бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани арӯсаш Манораи Абдулфаттоҳ, ки ҷасадаш бо 26 захми корд дар моҳи июни имсол пайдо шуда буд, гунаҳкор донист.

Бибикалон Назирова мутобиқ бар қисми 2-и моддаи 109-и Кодески ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам дониста шуда, ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар масъалаи даргириҳои марзӣ

Қазияи даргириҳои марзӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба масъалаи дардноке табдил шудааст, ки ҳамасола даҳҳо нафар аз сокинони кишварро аз зиндагӣ маҳрум мекунанд. Шадидтарин даргирии марзӣ дар сентябри имсол рух дод, ки дар он Қирғизистон аз паҳпод истифода кард.

Дар ин даргирӣ, ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, 50 нафар кушта шудааст, аммо радиои “Озодӣ” исми 84 нафар аз кушташудаҳоро пайдо кардааст, ки 31 нафари онҳо шаҳрвандони мулкӣ ҳастанд. Чаҳор нафар аз онҳо кӯдакони се, панҷ, шаш ва ҳаштсолаанд. Мунаввархон Маҳмудова, сокини 62-солаи ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфараи Тоҷикистон аз бузургтарин афроди мулкии кушташуда дар даргирии ахири марзии Тоҷикистону Қирғизистон гуфта шудааст. Ин даргирӣ ҳамчунин 200 нафар захмӣ низ дошт.

Бо чунин вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон имсол низ поён меёбад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.