Маскав ба Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар мавриди ташдиди хатари ғайриқобили контрол ҳушдор дод. Дар ин бора Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷаи Русия “РИА Новости” гуфт. Акс: Интернет Муовини вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба дахолати фазояндаи Амрико ва Аврупо дар даргириҳои Украина, Русия маҷбур мешавад ба иқдомоти мутақобили кофӣ, аз ҷумла […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Маскав ба Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар мавриди ташдиди хатари ғайриқобили контрол ҳушдор дод. Дар ин бора Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷаи Русия “РИА Новости” гуфт.
Акс: Интернет
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба дахолати фазояндаи Амрико ва Аврупо дар даргириҳои Украина, Русия маҷбур мешавад ба иқдомоти мутақобили кофӣ, аз ҷумла номутаносиб ва бештар аз ҷашмдоштро андешад.
Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи 10-уми октябр Русия шаҳрҳои Украина, ба хусус Киевро бомборон карда, аксари зерсохторҳои бузурги энержии Украинаро аз байн бурд ва дар натиҷа аз мардуми осоишта 10 нафар кушта ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 24-уми феврали соли ҷорӣ Русия ҳамлаи густардаи худро зери номи “амалиёти махсус” ба Украина оғоз кард ва то имрӯз идома дорад. Дар пайи он садҳо ҳазор аз ду тараф кушта ва захмӣ ва миллионҳо нафар овора гаштаанд.
Амрико ва кишварҳои ғарбӣ барои пеши роҳи Русияро гирифтан аз шиддатёбии ҷанг болои Маскав таҳримҳои шадиди иқтисодиро ҷорӣ карданд. Аммо Маскав ҳамвора Амрико ва Ғарбро дар идома ёфтани ҷанг муттаҳам мекунад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.