33.9 C
Dushanbe

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Михаил Мишустин

Раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин зимни як сафари расмӣ дирӯз, 2-уми марти соли 2023 вориди Тоҷикистон шуд.

Субҳи имрӯз, 3-уми марти соли 2023 Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар шаҳри Душанбе мулоқот кард ва ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишвар суҳбат карданд.

Шоми дирӯз ин ҳайъати воломақоми Русияро нахуст Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт ва “ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.”

Гуфта мешавад, Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ва раиси ҳукумати ин кишвар дар раъси як ҳайъати кишвараш дирӯз вориди Тоҷикистон шуд. Ин сафар ба муддати ду рӯз идома меёбад.

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар рикоби Михаил Мишустин вориди Тоҷикистон шуда буд, дар алоҳида мулоқот кард.

Бар асоси аксу наворҳои нашршуда аз ин мулоқотҳо, ба назар мерасад, Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқотҳо хеле хушҳол аст ва дар замоне ки Кремлин дар шароити хеле сахти таҳримҳо қарор дорад, бо истифода аз ҳолатҳои заъфу тангдастӣ хеле суд гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.