32.9 C
Dushanbe

Кӣ дурӯғ мегӯяд: Вазир ё Президент?

Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд, дар Русия танҳо 600 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷикистонӣ вуҷуд дорад, аммо вазири корҳои хориҷааш Сироҷиддин Муҳриддин мегӯяд, ин омор 700 ҳазор аст. Пас кӣ рост мегӯяд?

Суханронии раисҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти кишварҳои “Осиёи Марказӣ ва Русия” дар Остонаи Қазоқистон дар таърихи 14 октябри соли ҷорӣ дар зумраи пурбинандатарин видеоҳои “Ютуб” қарор гирифт. Бахусус ин видео таваҷҷуҳи зиёде аз муҳоҷиронро ба худ ҷазб кард. Бо гузашти беш аз ду моҳ аз он суханронӣ ин видео танҳо дар ютуб-канали “AKIpress news” беш аз 10 миллион боздид доштааст.

Дар маҷмуъ суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ ва Русия” ду ҷанба дошт: яке бетаваҷҷуҳии Русия ба сармоягузорӣ дар кишварҳои пасошӯравии дорои иқтисодӣ заиф ва дигаре масъалаи ҳузури коргарони муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар буд. Азбаски таҳлили ҳар ду масъала тайи як матлаб мавзуъро печида мекунад, масъалаи аввалиро канор мегузорем ва меравем суроғи муҳоҷират.

Он иборае, ки Эмомалӣ Раҳмон гуфту мавриди таваҷҷуҳи бештари муҳоҷирин қарор гирифт, ин буд: “Мехоҳем моро ҳурмат кунанд…”. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба мушкили сахти дарёфти ҳаққи иқомату соири аснод барои фаъолият дар Русия гирифторанд ва ҳамчунин мавриди озору азияти мақомоти пулиси ин кишвар қарор мегиранд, ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Аммо идомаи ин талаби эҳтироми Эмомалӣ Раҳмон маънии дигар дошт, зеро гуфт: “Магар мо кадом як бегона ҳастем? Мо ба сармоягузории зиёде эҳтиёҷ надорем. Владимир Владимирович, аз шумо хоҳиш, ки дигар сиёсат нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мисли замони Иттиҳоди Шӯравии собиқ набошад”.

Бояд гуфт, эҳтиромро касе ба касе намедиҳад, балки эҳтиромро касб мекунанд. Яъне касе соҳибэҳтиром аст, худаш иззатро касб карда, на ин ки каси дигаре ба ӯ эҳтиром “сармоягузорӣ” карда бошад.

Аслан Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия хеле пештар “таваҷҷуҳ” зоҳир карда буд. Ҳанӯз дар поёни соли 2019 дар паёмаш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд: “Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони мо, ки берун аз кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд, қариб 60 фоиз кам шудааст, ки ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар мебошад. Шумораи аз ҳама зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ 1 миллиону 100 ҳазор нафар ба соли 2010 рост меояд. Соли ҷорӣ ин рақам 486 ҳазор нафарро ташкил медиҳад”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар моҳи апрели ҳамон сол тайи як дидори Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар кишварашро 1,2 миллион нафар гуфта буд.

Аммо раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми мазкур гуфта буд, “бо ин мақсад мо бояд то ҷашни 30- солагии истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои сокинони кишвар ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем”.

Ин арқоми зикршуда марбути соли 2019 мебошанд ва аз ин паём се сол сипарӣ шуд. Агар ин ҳарфҳо дуруст мебуданд ва аз соли 2020 то соли 2022 ҳар соле 100 ҳазор ҷойи кор эҷод мешуд, бояд то поёни имсол 300 ҳазор ҷойи кор дар кишвар арзи вуҷуд мекард. Дар ин ҳол Тоҷикистон ҳамагӣ 186 ҳазор коргари муҳоҷир медошт.

Ин дар ҳолест, ки дар нишасти сеҷонибаи “Русия ва Тоҷикистону Қирғизистон” дар Остона бори дигар Путин бо сароҳат ба Эмомлаӣ Раҳмон гуфт, ки зиёда аз 2 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Аммо раисҷумҳури кишвар бо ишора ба ин гуфтаҳои Путин дар нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ ва Русия” гуфт: “Ду миллион нафар нест, бештар аз ду миллион нафар ба Русия сафар мекунанд, вале нафақат барои кор. Барои кор фақат 600 ҳазор нафар мераванд. Бақия ба дигар кишварҳо парвоз мекунанд. Бубинед, соли оянда 50 дарсад коҳиш меёбад, чунки роҳҳо бастаанд”.

Бояд гуфт, мутобиқ бар системаи муҳоҷирате, ки Русия дорад, дақиқ кардани шумораи коргарони муҳоҷир аз кишварҳое, ки бидуни виза ба ин ҷумҳурӣ ворид мешаванд, хеле мушкил аст. Зеро дар корти муҳоҷиратӣ ҳадафи вуруд сабт мешавад ва агар ин ҳадаф кор гуфта шавад, муҳоҷир муваззаф аст, муҷаввизи корӣ дарёфт намояд. Дарёфти ин мадрак дар сол 85 800 рубл масраф дорад. Бинобар ин на ҳама коргарони муҳоҷир ҳадафи худро кор мегӯянд, балки ҳадафҳоро мухталиф сабт мекунанд, ки чунин як раванд дар шумориши теъдоди эшон мушкил эҷод мекунад. Зимнан, нафароне ҳастанд, ки дар Русия бидуни ҳуҷҷат кору фаъолият мекунанд. Теъдоди дигаре танҳо сабти иқомати семоҳа мегиранду пас аз ҳар семоҳа аз Русия хориҷу боз дубора вориди хоки ин кишвар мешаванд. Иддае дигар бошанд, бо пардохти кулли масорифи муҷаввизи корӣ ва иқомат дар Русия барои кор ба муддати як сол боқӣ мемонанд.

Аз ин рӯ, дуруст баршумурдани теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия кори содда нест. Бо вуҷуди ин, мақомоти Русия ва баъзе аз созмонҳо талош мекунанд, теъдоди онҳоро мушаххас намоянд. Барои мисол, дар моҳи марти соли 2022 Вазорати умури дохилии Русия эълон карда буд, ки дар соли 2021 13,4 миллион шаҳрванди хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд сабти иқомати муваққат гирифтаанд. Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин феҳраст сегонаи аввалро ташкил мекарданд. Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин манбаъ 3 076 781 нафар гуфта шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дуруст мегӯяд, ки тоҷикистониҳои зиёде аз Русия ба унвони кишвари транзитӣ истифода мекунанд. Аммо онҳо ҳаққи иқомати 15-рӯзаи бидуни сабти иқомат доранд ва ниёз нест, ки муҷаввизи иқомат гиранд. Пас мушаххас аст, ки мақомоти Русия онҳоро ҳамчун коргари муҳоҷир сабти ном намекунанд.

Гузашта аз ин вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин гуфта буд, ки “шаҳрвандони Тоҷикистон ҳарчи бештар ба ҳузури қонуниву кори расмӣ дар Русия манфиатдор ҳастанд. Далелаш ин аст, ки соли 2021 шаҳрвандони мо беш аз 700 ҳазор патенти корӣ гирифтаанд. Шаҳрвандони мо ҳар моҳ беш аз 4 миллиард рубл (наздики 67 миллион доллар) пардохт мекунанд. Дар умум соли 2021 ба буҷаи Русия аз ҳисоби патентҳои шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 48 миллиард рубл ворид шудааст, ки тақрибан 900 миллион долларро ташкил медиҳад”.

Дар чунин ҳол суоле ба вуҷуд меояд, кӣ дурӯғ мегӯяд: вазир ё раисҷумҳур?

Гузашта аз ин, омори зикркардаи вазир баёнгари он аст, ки теъдоди коргарони муҳоҷири мо дар Русия бештар аз 700 ҳазор нафар ҳастанд. Зеро тавре қаблан гуфтем, нафароне аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ҳастанд, ки патент ё муҷаввизи корӣ намегиранд, балки худро ҳамчун меҳмон сабти иқомат мекунанд ва ҳар се моҳе марзи Русияро убур менамоянд.

Аз ин хотир, масоили дигари муҳиме барои осонии кори коргарони муҳоҷир буданд, ки бояд матраҳ мешуданд. Масалан, соли 2012, замоне ки қарордоди Душанбе ва Маскав барои тамдиди муддатзамони ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон имзо шуд, Кремлин вазифадор шуда буд, коргарони муҳоҷири тоҷикистониро ба муддати 15 рӯз иҷозаи ҳузури иқомати бидуни сабт ва ба муддати се моҳ иҷозаи фаъолияти бидуни патент ё муҷаввизи корӣ диҳад. Аммо пас аз таъсиси Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ин имтиёзҳое, ки барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ваъда шуда буданд, аз миён рафтанд ва ҳоло муҳоҷири кории тоҷик муваззаф аст, ки ҳадди аксар то 20 рӯзи корӣ баъди вурудаш ба Русия дархости гирифтани муҷаввизи корӣ кунад. Гирифтани ин муҷаввиз ҳудуди 15 ҳазор рубл арзиш дорад ва аксари кулли коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба баробари ворид шудан ба хоки Русия 15 000 рубл надоранд. Албатта, онро аз дигар ёру бародар ва ошнои хеш қарз мегиранд, ки ин худ як мушкил аст.

Мушкили дигар барои коргарони муҳоҷире, ки муҷаввизи корӣ доранд, гирифтани ҳаққи иқомат аст, ки ин бозор дар дасти миёнаравону ҳаннотон дар ҳамоҳангӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Русия мебошад[9].

Ба ин далел аст, ки муҳоҷирон бештар ҷарима ва ихроҷ мешаванд, ҳол он ки мақомоти рус бар ин назаранд, дар Тоҷикистон русҳоро дӯст медоранд[10].  Зимнан, сиёсати Тоҷикистон низ тобеи Русия аст ва дар ҳар мавриде садоқати худ ба Русияро нишон медиҳад. Эълони “Соли забони русӣ[11] дар Тоҷикистон” дар соли 2023, пас аз 32 соли истиқлоли Тоҷикистон далеле бар ин гуфтаҳост. Дар чунин ҳол суоли калидӣ ин хоҳад буд, ки бо ин вазъ кӣ моро эҳтиром мекунад? Ҳокиме тобеи худро эҳтиром кардааст?

Ба гуфтаи коршиносони мутсақил, танҳо роҳи ба даст овардани эҳтиром фароҳам кардани кулли шароити истиқлол аст, давлати феълии Раҳмон фоқиди иҷрои он аст. Ин маънии онро дорад, ки беэҳтиромии тоҷик, азобу азияти ӯ дар Русия, хорию залилии миллати корҷӯ идома дорад ва агар қудрати истиқлоли давлати Раҳмон ҳамин аст, ҳич гоҳе теъдоди коргарони муҳоҷир кам намешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кумаки 141 миллионии ИА ба Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо эълон кардааст, ки зиёда аз 140 миллион евро ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Рушди беш аз 8%-и иқтисоди Тоҷикистон

Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар 16 моҳи ахир беш аз 8% тавсеа ёфтааст.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Мақомоти боломақоми Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳамкориҳои дирӯз ва имрӯзи худ гуфтугӯ карданд.

Шикояти мардум аз беобӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон мегӯянд, ки чор моҳ боз мардум аз беобӣ азият мекашанд ва касе дар вилоят ба доди онҳо намерасад.