Қирғизистон: Тоҷикистон ба мо беш аз 15 млн доллар зарар расонд

Девони вазирони Қирғизистон муддаӣ аст, ки Тоҷикистон ба онҳо ҳамла карда ва ба аҳолии Ботканд беш аз 1 милларду 305 миллион сом (ҳудуди 15 млну 400 ҳазор доллар) хасорот ворид кардааст.

Акс аз 

Ин ниҳод гуфта, ки бар иловаи хасороти моддӣ инчунин талафоти ҷонӣ ва маҷруҳони зиёде ҳастанд, ки то ҳол табобат мегиранд.

Девони вазирони Қирғизистон аз шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷияш барои барқарорсозии хасороти воридшуда дар натиҷаи даргириҳои марзии баҳори имсол байни Тоҷикистону Қирғизистон хостори кумаки моддӣ шудааст.

Ин ниҳоди давлатӣ аз шаҳрвандонаш хоста, касоне мехоҳанд ба зарардидагон кумаки моддӣ бирасонанд, ба суратҳисобҳое, ки Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мақомоти вилояти Бодканд боз кардаанд, маблағҳои кумакии худро интиқол диҳаднд.

Иддаои Девони вазирони Қирғизистон бори охир 20-уми октябр садо додааст, аммо то ҳол мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон вокунише накардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар додани оморҳои расмӣ, бахаусус хасорот ва талафоте, ки аз ҷониби ҳамсоя ба Тоҷикистон расонида шуда, худдорӣ мекунанд.

Инчунин пеши роҳи ташаббусҳои мардумӣ барои кумак ба аҳолии зарардидагон низ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон гирифта шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.