16.9 C
Dushanbe

Қирғизҳо мошини боркаши як тоҷикро сангборон карданд

Сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканди Қирғизистон, мошини боркаши шаҳрванди Тоҷикистон Насрулобек Асламовро, ки ба деҳаи Ворухи шаҳри Исфара маводи ғизоӣ мебурд, сангборон кардаанд.

Акс аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Asia-Plus)

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Исфара, ҳодиса рӯзи 20-уми январ дар деҳаи Оқсойи Қирғизистон рух додааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса ронандаи тоҷик осеб дида, тиреза ва чароғҳои мошини боркаш шикастааст.

Қарор аст имрӯз, 21-уми январ намояндагони шаҳрҳои Исфара ва Бодканд бо ҳам мулоқот ва ин ҳодисаро баррасӣ кунанд.

Роҳи миёни Чоркӯҳ ва Ворух аз миёни маҳаллаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад ва ин макон то ин вақт борҳо шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи апрели соли 2021 дар натиҷаи даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб 55 нафар кушта, ҳудуди 300 нафар захмӣ шуданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам 976 километр марзи муштрак доранд, ки то ҳол танҳо 504 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.