24.9 C
Dushanbe

Кишварҳои туркзабон мегӯянд, Наврӯз моли муштараки мост

Қариб ҳамаи кишварҳои тукрзабони минтақа даъво доранд, ки Наврӯз моли муштараки мост, бояд ба ҷашни таърихии худ аҷргузорӣ шавад.

Бино ба иттилои расмӣ, сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон бо ирсоли паёмҳои наврӯзӣ ба унвони Президенти Тоҷикистон ҳама иддао карда гуфтаанд, Наврӯз моли муштараки мост.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев гуфтааст: “Мардумони ба ҳам бародари мо ин ҷашни аз қадимулайём соҳибқадрро ҳамчун тантанаи созгорӣ ва ваҳдат, баёнгари накӯкории беғаразона ва саодатмандӣ бо эҳсосоти гарми хосса истиқбол мегиранд.”

Инчунин собиқ презеденти ин кишвар Нурсултон Назарбоев ҳам таъкид карда, ки: “Изҳори боварӣ менамоям, ки дар партави ин иди умумиамон ҳамкории давлатҳои мо, ки бар пояи арзишҳои маънавӣ ва робитаҳои дӯстӣ устувор шудаанд, минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.”

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев меафзояд: “Моҳияти қудсии Наврӯз тӯли ҳазорсолаҳо ба таври равшан дар шарафмандии мардумони бародари мо ифода мегардид ва имрӯз ин ҷашни беназир ба дилҳои мо шодии беканор мебахшад.”

Ва аммо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мегӯяд: “Ин ҷашн, ки дастоварди умумии мост, барои бо ҳам наздик шудани мардумон нақши муҳим дошта, ба таҳкими муносибатҳои боэътимоди байнидавлатӣ мусоидат менамояд.”

Ва ҳатто Президенти Қирғизистон ҳам гуфта: “Ин ҷашн, ки мардумонамон таҷлил менамоянд, рамзи фарорасии баҳори деринтизор ва бедории табиат аст. Наврӯз, ки дар монандии одату арзишҳои фарҳангии мо зоҳир мегардад, таърихи умумии мардумони моро инъикос менамояд.”

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки яке аз пешгомони ҷаҳонӣ кардани ин ид буд, таъкид карда: “Ин ҷашн ҳамчун ифодаи эҳтиром ба низоми абадии табиат, таҷассумгари саҳми арзишманди мардумони мо ба фарҳанги башарӣ мебошад. Он ба сифати рамзи бедорӣ, тароват ва зебоӣ, ба қалби одамон роҳ ёфта, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ва ягонагиро бо ҳама зебоияшон тараннум менамояд.”

Ҷолиб он ки дар ин сабқати ирсоли паёмҳо табрикоти Иброҳим Раисӣ, Президент Эрон хеле хоксоронатар аз ҳамтоёни кишварҳои туркзабон ҷо уфтодааст ва он ҳам бо овардани ду байте аз ҳазрати Ҳофиз, ки мегӯяд:

“Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам бияфшонӣ,

Ба гулзор ой, к-аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ”

ва дар идома дигар табрикот ва таманниёти худашро барои беҳбудии равобит байни ду кишвар иброз кардааст.

Гуфта мешавад, дар ин миён Си Ҷинпин, Презединти Чин мунсифонатар ба ин ҷашн баҳо дода гуфтааст, “аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, халқи Чин ва шахсан аз номи худам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти шодбоширо ба муносибати ҷашни анъанавии Тоҷикистон – Наврӯз арз намоям!”

Акнун бо ин ҳама гапу хабар ва даъвоҳое, ки намунаи кӯчаке аз онҳо дар бораи аз худ донистани Наврӯз дар боло оварда шуд, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳар як хонандаву бинанда каме ба андеша фурӯ равад ва нохудогоҳ дар зеҳнаш ин суолҳое ҳам халқ хоҳад шуд, ки барои мисол, Наврӯз моли кист? Агар Наврӯз моли туркон бошад, чиро мо ин қадр сарфу харҷ карда мегӯем, ки Наврӯз моли мост?

Амруллоҳи Низом

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.