32.9 C
Dushanbe

Кобул: Омилони ҳамла ба ҳутели чиниҳо тоҷик буданд

ДИИШ бо нашри акс ва як навори кӯтоҳе эълон кард, ду нафаре, ки дирӯз ба ҳутели чиниҳо дар Кобул ҳамла карданд, узви ин созмон буданд.

Дирӯз, 12-уми декабри соли 2022 ду нафар аз муҳоҷимон ба ҳутели чиниҳо дар минтақаи шаҳри нави Кобул ҳамла карда, чанд кушта ва захмӣ ба ҷо гузоштанд. ДИИШ ҳам бо нашри навори акс ва як навори “байъат” аз муҳоҷимон масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифт.

Дар наворе, ки ин созмон нашр кард,

Акс аз манбаъҳои боз

Ин афроде, ки пас аз ҳамлаи дирӯз дар Кобул кушта шуданд, оё дар воқеъ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ва ё тоҷикони дигар кишварҳои ҳамсоя ҳанӯз маълум нест, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва дигар мақомоти кишвар ҳам то замони таҳияи ин хабар дар бораи ҳувияти ин афрод чизе нагуфтаанд

Гуфта мешавад, субҳи дирӯз пас аз чанд таркиш дар ҳутели чиниҳо дар минтақаи шаҳри нави Кобул тирпарронӣ оғоз шуд ва ба қавли расонаҳо дар натиҷаи ин таркишҳо ва тирпарониҳо ҳам дар байни шаҳрвандони хориҷӣ ва дар сафи Толибон чанд нафар кушта ва захмӣ низ вуҷуд дошт, ДИИШ ин теъдодро ҳудуди 30 нафар кушта ва захмӣ эълон кард, вале на ҷониби Толибон ва не ҷониби чиниҳо чунин омореро нашр намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки  як рӯз пеш аз ин ҳамла сафири Чин дар Кобул Вонг Ю бо Шермуҳаммад Истонекзай, ёвари сиёсии Вазорати хориҷаи Толибон дидор карда, хостори таваҷҷуҳи бештар ба таъмини амнияти сафорати Чин дар Кобул шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.