Қодиров аз мақомаш рафтанӣ нест

Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар навори

Ӯ дар ин видео ба “коршиносон” ва “сиёсатмадорон” муроҷиат намуда, мегӯяд, ки дар бораи аз мақомаш рафтан суханро бас кунанд.

Ба гуфтаи Қодиров, раҳбарии Чеченистонро мардум ба ӯ бовар кардаанд ва ӯ танҳо бо иҷозаи мардум ва Президенти Русия аз мақомаш меравад.

Дар идома Қодиров гуфт, ки 15 сол мешавад, ки раҳбари Чеченистон аст ва ният дорад рекорди тӯлонитарин давраи раҳбариро дар Русия бишканад.

Рекорди тӯлонитарин давраи раҳбарӣ 27 сол буда, ба собиқ губернатори вилояти Белгород Евгений Савченко, ки аз соли 1993 то соли 2020 ин мақомро бар уҳда дошт, рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки 3-юми сентябри соли 2022, Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон бо нашри як навори видеоӣ аз наздик шудани замони тарки қудрат карданаш хабар дода буд.

Раҳбари Чеченистон дар ин навори худ бо истифода аз як зарбулмасали қафқозиҳо гуфта буд, ки “меҳмон ҳар чӣ қадр азиз бошад, гар сари вақт биравад, ҳамон қадр роҳаттар аст”, ба ин хотир вай ҳам пеш аз он ки ӯро аз мансаб биронанд, худаш рафтанист.

Гуфта мешавад, Рамзан Қадиров, пас аз марги падараш замоне раҳбарии Чеченистонро бо ҳимояти Кремлин ба даст гирифт, ки ҷавон буд ва ҳамагӣ 31 сол умр дошт. Аммо акнун 46-солаасту 11 фарзанд, 4 писару 7 духтар дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.