Кохи президент тахриб шуд

Акс аз: “Asia-Plus”

Тахриби бинои собиқ Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон, ки  пас аз соли 1992 Кохи президент дониста мешуд, ҷараён дорад.

Азия плюс  аз ҷараёни тахриби ин бино чанд акс нашр кардааст, ки дида мешавад,  як қисми ин бинои як замон номдори Тоҷикистон ва ҳамчун ёдгори аз фарҳани сохтумони шӯравӣ хароб гардидааст.

Ин бино дар пойтахти Тоҷикистон соли 1957 қомат афрӯхт. То замони ба бинои нав кӯчидан, муддати 25 сол дар ин ҷо Дастгоҳи президент ва ҳукумат фаъолият мекарданд. Ахиран ин ҷо шаҳрдории Душанбе (бинои он ҳам тахриб шуд) ва Кумитаи сайёҳӣ ҷойгир буданд.

Кохи президент дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе тахриб (кӯчонида) мешавад.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон хабари вайрон шудани бинои дастгоҳи президент дар Душанбе вокуниш ба бор оварда буд. Шахсиятҳои  шинохта мухолифи ин кор буданд, вале касе назари онҳоро ба инобат нагирифт.

Коршиносон бар ин назаранд, ки Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, бо вайрон кардани биноҳои сохти Шуравӣ ба ҷомеа расонад, ки мо Тоҷикистонро аз нав сохтем дар ҳоле, ки вайрон кардани ин биноҳо ҳеҷ ба манфиати кор набуд ва нест, танҳо нест кардани таърихи Душанбе унвон мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...