Акс: Интернет Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ба маблағи 17 миллион доллар гази табиӣ харидорӣ карда ва ба 7,2 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст. Оҷонси хабарии “Avesta.Tj” менависад, ки дар қиёс бо содироти барқ воридоти газ бештар анҷом гирифтааст. Тибқи иттиллои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми воридоти гази табиӣ аз ин […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: Интернет
Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ба маблағи 17 миллион доллар гази табиӣ харидорӣ карда ва ба 7,2 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст.
Оҷонси хабарии “Avesta.Tj” менависад, ки дар қиёс бо содироти барқ воридоти газ бештар анҷом гирифтааст. Тибқи иттиллои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми воридоти гази табиӣ аз ин кишвари ҳамсоя 2,3 баробар аз маблағи содироти нерӯи барқ зиёд мебошад.
Манбаъи ин вазорат гуфтааст дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 358 млн. кВт. соат нерӯи барқ ба баҳои 7,2 миллион доллари ИМА содир шудааст. Аммо дар ҳамин давраи сол воридоти гази табиӣ аз Узбекистон дар ҳаҷми 144 млн. мукааб метр ва ба маблағи 17 миллион доллар сурат гирифтааст.