-4.1 C
Dushanbe

Коҳиши содироти нерӯи барқ ба Ӯзбекистон

Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ба маблағи 17 миллион доллар гази табиӣ харидорӣ карда ва ба 7,2 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст.

Оҷонси хабарии “Avesta.Tj” менависад, ки дар қиёс бо содироти барқ воридоти газ бештар анҷом гирифтааст. Тибқи иттиллои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми воридоти гази табиӣ аз ин кишвари ҳамсоя 2,3 баробар аз маблағи содироти нерӯи барқ зиёд мебошад.

Манбаъи ин вазорат гуфтааст дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 358 млн. кВт. соат нерӯи барқ ба баҳои 7,2 миллион доллари ИМА содир шудааст. Аммо дар ҳамин давраи сол воридоти гази табиӣ аз Узбекистон дар ҳаҷми  144 млн. мукааб метр ва ба маблағи  17 миллион доллар сурат гирифтааст.

Мақомоти энергетикии Тоҷикистон маълумот дар бораи ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Ӯзбекистон дар соли 2020 -ро изҳор намедоранд. Аммо қаблан эълон шуда буд, ки соли ҷорӣ аз ин кишвар дар ҳаҷми 200 млн. кубометр гази табиӣ ворид карда мешавад.

Масъалаи содироти ношаффофи нерӯи барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон на як бору ду бор мавриди интиқоди расонаҳо ва коршиносон қарор гирифтааст. Гуфта мешавад маблағҳои зиёде аз ин ҳисоб мустақим ба суратҳисобҳои оффшории Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ ва бастагони ӯ ворез мешаванд. Ин нуктаро Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ низ дар чанде аз сӯҳбатҳои интернетии худ баён дошта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар масири Душанбе–Чаноқ наздики 30 тарма фаромадааст

Дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои пай дар пай роҳи Душанбе–Чаноқ муваққатан баста шуд.

Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ПМТ

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар дохили ин эътилоф хабар додааст.

Шиканҷагаронро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Додситонии шаҳри Душанбе пас аз марги мармузи Мақсудҷон Саидов, бар зидди ду корманди милисаи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Пулиси Душанбе аз муноқишаи эҳтимолии ноболиғон пешгирӣ кард

Пулиси шаҳри Душанбе аз сар задани муноқишаи эҳтимолии як гурӯҳ ноболиғон пешгирӣ кардааст.