32.9 C
Dushanbe

Комилҷон Юлдошев аз боздошт раҳо шуд

Комилҷон Юлдошев, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия аз ҷониби мақомоти ин кишвар бо дахости Қирғизистон боздошт шуда буд, имрӯз 18-уми ноябр аз боздошт раҳо шуд. Дар ин бора Cафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод.

Дар хабар омада, ки маҳз бо талошҳои дипломатҳои тоҷик ва гуфтугӯ бо мақомоти Русия, шаҳрванди Тоҷикистон Юлдошев Комилҷон, ки рӯзи 16-уми ноябр дар фурӯдгоҳи Домодедово боздошт шуда буд, бинобар беасос будани сабабҳои боздошт, озод гардид.

Рӯзе пеш яке аз надикони Комилҷон ба расонаҳо гуфта буд, ки ӯро рӯзи 16-уми ноябр вақти расидан ба Маскав дар фурӯдгоҳи Домодедово дастгир карданд. Сабаби дастгир намуданашро ба ӯ гуфтаанд, ки бо дархости Ҷумҳурии Қирғизистон дар кофтукоб аст ва бояд дастгир шавад.

Комилҷон Юлдошев ягона шаҳрванди Тоҷикистон нест, ки бо дархости Қирғизистон дар Русия дастгир шудааст. Ахиран Диловар Ҷӯраев, як сокини дигари ҷамоати Ворух, ки бо дархости мақомоти интизомии Қирғизистон дар Русия дастгир шуда буд, рӯзи 16-уми ноябр аз боздошт раҳо шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Ҷӯраевро баъди муроҷиати онҳо раҳо карданд. Ба гуфтаи худи Ҷӯраев додситонии Русия ӯро “бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист” озод намудааст.

Аз ин пеш, Русия бо талаби Қирғизистон Фурқат Абдуфаттоев, як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дастгир карда, чанд моҳ дар боздоштгоҳ нигоҳ дошт. Ӯро моҳи июни имсол озод карданд.

Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр аз мақомоти Қирғизистон хоста буд, ки оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.