36.9 C
Dushanbe

“Қонуни афв” ба парлумон рафт

Лоиҳаи Қонун “Дар бораи афв” ба парлумон рафт, вале онҳое, ки бо иттиҳомоти терроризиму экстримизм равонаи зиндон шудаанд, шомили афв намешаванд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 30 август лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони пешниҳод кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президент хабар дод.

Гуфта мешавад, барои қабули ин Қонун иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ба рӯзи 6 сентябри соли ҷорӣ даъват карда шудааст.

Дафтари матбуоти Президент қайд намуда, ки Қонуни “авфи тиллоӣ” шумори зиёди зиндониён, ҳатто онҳоеро, ки парвандаҳояшон таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии суд қарордошта низ шомил мешаванд.

“Лоиҳаи Қонун шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад: шахсоне, ки: аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд; нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст; ҷазо нисбати онҳо шартан татбиқ карда нашудааст; ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд; шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд; ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд; барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, ноболиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст.

Бино ба маълумоти Дафтари матбуоти Президент, қонуни мазкур 16 ҳазор нафарро дар бар хоҳад гирифт. Аз ин миқдор 10 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд. Ва муҳлати ҷазои 5300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.

Қонуни авф баъд аз қабули вакилони парлумон давоми ду моҳ аз ҷониби мақомоти дахлдор бояд иҷро карда шавад, вале касе аз мухолифон озод нахоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКХ: Пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО баррасӣ нашуд

Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло масъалаи пайвастани кишварро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ надорад.

Русия: Тоҷикистон набояд ба Ғарб наздик шавад

Сергей Лавров зимни боздидаш аз Душанбе дар суханрониҳояш ба мақомоти тоҷик тазаккур дод, ки Русия намехоҳад ҳамкориҳои Тоҷикистону Ғарб бештар шаванд.

Суқути қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон

Баъд аз сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба шаҳри Душанбе ва музокироти сатҳи олии раҳбарони Тоҷикистон ва Русия қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ поён расфт.

Даргузашти Зафар Мирзоён

Донишманд ва нависандаи шинохтаи тоҷик Зафар Мирзоён шаби 7-уми июни соли ҷорӣ дар синни 74-солагӣ аз дунё даргузашт.