Тоҷикистон

Корея дар Тоҷикистон барои мутахассисони "лифтсоз" донишгоҳ месозад

Кореяи Ҷанубӣ аз омодагии худ барои бунёди донишгоҳе дар Тоҷикистон, ки мутахассисони техникӣ, хусусан лифтсозонро омода кунад, хабар додааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, 25-уми майи соли ҷорӣ дар ин хусус зимни вохӯрии вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода Ҳамро бо Сафири Корея Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок гуфтугӯ сурат гарифтааст.

"Ҷонибҳо вобаста ба созишномаи имзошуда миёни Коллеҷи лифти Корея ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки иқдоми мазкур ба омода намудани мутахассисони соҳаи лифтсозӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.", омадааст дар хабари вазорат.

Акс аз сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Аммо аз атфсилоти ин хабар чизе гуфта нашудааст. Чӣ замоне ва дар кадом минтақаи Тоҷикистон бунёд шудни ин донишгоҳ маълум нест. Ва ҳамчунин аз ҳаҷми сармоягузории Тоҷикистон дар бунёди ин донишгоҳ низ чизе гуфта намешавад.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон омӯзиши забони кореягӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз соли 2004 оғоз гардида, то имрӯз зиёда аз 200 нафар донишҷӯ ихтисоси забони кореягиро хатм кардаанд. Забони кореягӣ дар Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон ба донишҷӯён таълим дода мешавад.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Тоҷикистон

Тоҷикистон

Дар кони "Ангишти Шӯроб" ду кӯҳкан ҷон бохт

Тоҷикистон

Марди 66-сола се пирамарди дигарро фиреб дод

Ҳуқуқ

Як узви аршади ҲНИТ аз зиндон ба бемористон интиқол ёфт

Иқтисод

Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон