Қотили мусалмонҳо дар Зеландияи Нав ҳукми абад гирифт

Брентон Торрент, ҳамлагаре, ки 51 мусалмонро кушт

Додгоҳи Зеландияи Нав Брентон Торрент, як ҳамлагари 29-соларо ба ҳукми абад маҳкум кард. Брентон ҳамон қотилест, ки соли гузашта ба ду масҷиди мусалмонҳо дар Зеландияи Нав ворид гашта ба сӯи намозгузорон тир холӣ карда буд, ки дар натиҷа 51 нафар кушта шуданд.

Маҳкумшуда тибқи қарори додгоҳ дар оянда ҳаққи шикоят ё афвро нахоҳад дошт ва ин бори аввал аст, ки дар Зеландияи Нав ҳукми абад бидуни ҳаққи дархости афв дар оянда содир мешавад.

Раиси додгоҳи шаҳри Крайстчерчи Зландияи Нав, Камерон Мандер имрӯз панҷшанбе зимни эълони ҳукм ба Брентон Торрент хитоб карда гуфт: “Ҷиноятҳои ту чунон хасмона ва бад аст, ки ҳатто то дами маргат зиндонӣ шавӣ ҳаққи муҷозотат адо нахоҳад шуд”, дар идома афзуд, “то ҷое, ки ман тахмин мезанам ту ҳеч раҳму шафқат ва дилсӯзие нисбат ба қурбониёнат надорӣ”.

Камерон Мандер қозии додгоҳ

Дар соли 2019, Брентон Торрент дар масҷидҳои Ал-Нур ва Линвуд дар Крайстчерчи Зеландияи Нав ба сӯи намозгузорон оташ кушод, ки дар натиҷа 51 нафар кушта ва 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин амали террористии ӯро ҳокими Зеландияи Нав ва тамоми созмонҳои ҷаҳонӣ маҳкум карданд. Ин тирандозӣ маргбортарин ҳамлаи террористӣ дар Зеландияи Нав то имрӯз будааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд шумораи муҳоҷиронро маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод карданд, ки сиёсати муҳоҷиратӣ боз ҳам сахттар ва шумораи хориҷиён то 3 миллион кам карда шавад.

Бо дастури Эмомалӣ дар Турсунзода барои узбекзабонҳо мактабҳои нав бунёд шаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи маориф дастур додааст, ки бо дарназардошти шумораи узбекзтаборон дар кишвар, барои онҳо мактабҳои махсус бунёд намуда, маводи таълимӣ бо забони узбекӣ таҳия кунанд.

Аз нафт то иттиҳоди форсизабонон: Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Эрон дар бораи имзои як созишномаи дарозмуддат барои таъмини маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...