26.9 C
Dushanbe

КШНГЗ ҳукми додгоҳ нисбати Иззат Амонро маҳкум кард

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) дар як баёнияи худ ҳукми додгоҳи шаҳри Душанберо нисбат ба Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон маҳкум кардааст.

Дар ин баёния, ки 20-уми октябри соли ҷорӣ нашр шудааст, Кумитаи наҷот ҳукми 9 сол зиндонӣ шудани Иззат Амонро хилофи тамоми меъёрҳои инсониву қонунӣ дониста, ин ҳукмро маҳкум мекунад.

Ҳамчунин КШНГЗ Иззат Амонро зиндонии сиёсӣ хонда мегӯяд, “ин боздошт инъикоси бармалои интиқомҷӯии навбатии режими Раҳмон аз дигарандешон мебошад.”

Дар идомаи баёния Кумитаи наҷот аз Додгоҳи Олӣ, аз ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз корпусҳои диплумотӣ ва аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ хоҳиш намудааст, то дар ин қазия бетараф набошанд.

Ёдовар мешавем, ки 19-уми октябри соли ҷорӣ бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе, Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.

Сайбурҳон Шарифов, вакили мудофеъи Иззат Амон ба расонаҳо гуфт, ки зерҳимояааш ҳамаи зарарҳоро барқарор кардааст ва бояд додгоҳ ӯро шомили қонуни авфи моҳи сентябр мекард:

“Додгоҳ умуман, қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла моддаи 49 Кодекси ҷиноятӣ ва моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”- ро поймол карда, ба зерҳимояи ман ҳукм содир кард. Ин ҳукм  ғайриқонунӣ аст. Вақте ки қонун амал мекунад, додгоҳ бояд адолатро риоя кунад. Бояд нисбати зерҳимояи ман қонуни авф татбиқ мегардид.”

Саидбурҳон Шарифон ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ хонда гуфт, ки аз болои он ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад.

То содир шудани ҳукм ҳуқуқшиносони тоҷик бар ин бовар буданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” Иззат Амон  озод мешавад.

Ҳамчунин дар расонаҳо хабаре нашр шуда буд, ки номи Иззат Амон баъд аз пардохтани пули даъвогарон, ба афв пешниҳод шудааст.

Наздикон ва пайвандонаш ба расонаҳо гуфта буданд, ки бо ҳамаи даъво ба зидди Иззат Амон розӣ нестанд, вале ба хотири раҳоии ӯ пулро пурра супурданд. Қарзи Иззат Амон назди даъвогарон ба 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллар расида буд.  

Пеш аз ин котиботи Додгоҳи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки мурофиаи Иззат Амонро рӯзи 22-юми сентябр ба поён расонда, парвандаашро “бастанд”.

Қонуни нави афв рӯзи даҳуми сентябри имсол ба иҷро даромад. Моддаи “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” (қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ), ки бар асоси он алайҳи Иззат Амон парванда боз шуда буд, ба қонуни афв шомил мешавад.

Иззат Амон, раҳбари Маркази Тоҷикон дар Маскав 25-уми марти соли ҷорӣ аз Русия ғайб зад, вале баъдтар мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки Русия ин ҳомии ҳуқуқро ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст. Дар Тоҷикистон аз пеш бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ӯ парванда боз шуда буд ва пас аз фурӯд омадан дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Боздошти Иззат Амон дар Тоҷикистон мавҷе аз вокунишҳои муҳоҷирон, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард ва аксари мардум хостори озодии ӯ шуданд, вале мақомот эълон кардаанд, ки боздошти Иззат Амон дар асоси шикояти шаҳрвандон бо иттиҳоими қаллобӣ сурат гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.