Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз озод шудани яке аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар минтақаи Кӯлоб хабар дод. Акс: Интернет Муҳаммадалӣ Исломов, собиқ масъули Шӯъбаи ҷавонони ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, дар соли 2015 тавассути мақомоти кишвар аз хонааш боздошт ва сипас бо иттиҳоми пайравӣ аз ҳаракатҳои мамнӯъа дар Тоҷикистон […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз озод шудани яке аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар минтақаи Кӯлоб хабар дод.
Акс: Интернет
Муҳаммадалӣ Исломов, собиқ масъули Шӯъбаи ҷавонони ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, дар соли 2015 тавассути мақомоти кишвар аз хонааш боздошт ва сипас бо иттиҳоми пайравӣ аз ҳаракатҳои мамнӯъа дар Тоҷикистон ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Ду сол қабл тибқи “Қонуни афв” як сол аз муҳлати адои ҷазои ӯ дар зиндон кам карда шуд. Вай баъд аз 6 сол аз зиндон озод шудааст.
Муҳаммадалӣ Исломови 38-сола коршиноси аршади фалсафа ва маорифи исломӣ буда, хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Эрон аст.