33.9 C
Dushanbe

Кӯлоб: Яке аз фаъолони ҲНИТ аз зиндон озод шуд

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз озод шудани яке аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар минтақаи Кӯлоб хабар дод.

Муҳаммадалӣ Исломов, собиқ масъули Шӯъбаи ҷавонони ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, дар соли 2015 тавассути мақомоти кишвар аз хонааш боздошт ва сипас бо иттиҳоми пайравӣ аз ҳаракатҳои мамнӯъа дар Тоҷикистон ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ду сол қабл тибқи “Қонуни афв” як сол аз муҳлати адои ҷазои ӯ дар зиндон кам карда шуд. Вай баъд аз 6 сол аз зиндон озод шудааст.

Муҳаммадалӣ Исломови 38-сола коршиноси аршади фалсафа ва маорифи исломӣ буда, хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Эрон аст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки мақарраш дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон аст, озодии ин зиндонии сиёсиро таҳният гуфта, изҳори умедворӣ кардааст, ки ба зудӣ ҳама зиндониёни сиёсии кишвар озод хоҳанд шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.