36.9 C
Dushanbe

Кумаки 15 миллион долларии Бонки ҷаҳонӣ ба НОБ-и “Роғун”

Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 12-уми январ барои маблағгузорӣ дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар ҳаҷми 15 миллион доллари амрикоӣ қарор қабул кард.

Гуфта мешавад, ин маблағгузорӣ ба шакли грант ба Тоҷикистон дода мешавад. Ва бо мақсади “дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбуд бахшидани заминаи молиявӣ ва тиҷоратии НОБ-и “Роғун” ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои устувории техникӣ, экологӣ ва иҷтимоии он мебошад.”

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, лоиҳаи НОБ-и “Роғун”, ки ҳоло сохтмонаш ҷараён дорад, дар сурати татбиқи устувори молӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нафъи назарраси иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ меорад.

Гуфта мешавад, бо анҷоми ин нерӯгоҳи барқӣ Тоҷикистон пурра эҳтиёҷоти дохилии худро бо нерӯи барқ таъмин мекунад, бахусус дар фасли зимистон. Инчунин метавонад барқи тавлидшудаи изофиро ба кишварҳои ҳамсоя содир кунад.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон борҳо мардуми тоҷикро ваъда додаанд, ки “лимит” бардошта мешавад ва қатъи барқ дар фасли сармо ба “афсона” мубаддал мегардад. Аммо то ҳол, ки барқ ҳамеша бидуни қатъ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Афғонистон содир мешавад, вале аҳолии Тоҷикистон аз охири фасли тирамоҳ то аввали баҳор дар бебарқӣ ранҷ мекашанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Бонки ҷаҳонӣ нақша дорад дар оянда низ дар лоиҳаи НБО-и “Роғун” маблағгузорӣ дар ҳаҷми бештарро дар назар бигирад.

Гуфтанист, Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон феълан 22 лоиҳаро дар ҳаҷми умумии 1 миллиарду 470 миллион доллари амрикои маблағгузорӣ мекунад. Аммо аз соли 1996 то имрӯз ин бонк ба Тоҷикистон тавассути грантҳои Иттиҳодияи Байналмилалии Рушд ва қарзҳои хеле имтиёзнок ба маблағи умумии 2,65 миллиард доллар маблағгузорӣ кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак...

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.